22 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар партави дастуру супоришҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати истифодаи самараноку оқилонаи нерӯи барқ дар корхонаи истеҳсолии “Арча-мебел”-и шаҳри Хуҷанд панелҳои офтобӣ насб гардидаанд, ки иқтидори истеҳсолии онҳо ба 250 киловатт дар як соат мерасад.
Зимни боздиди Раиси вилояти Суғд Раҷаб Аҳмадзода аз корхона иттилоъ дода шуд, ки панелҳо дар масоҳати 970 метри мураббаъ насб шуда, танҳо дар моҳи апрел 45 дарсади эҳтиёҷоти корхона ба нерӯи барқ тавассути ин манбаи тозаи энергетикӣ таъмин гардидааст.
Таъкид шуд, ки дар шароити имрӯза, истифодаи панелҳои офтобӣ ва тавлиди нерӯи барқ аз он на танҳо иқтисодӣ, балки муҳити зистро низ ҳифз менамояд.
Аз ҷониби дигар, истифодаи манбаъҳои таҷдидшавандаи энергия ба рушди устувори корхона мусоидат намуда, ба “Арча-мебел” манфиатҳои иловагӣ меорад. Дар доираи иқдомҳои давлат оид ба рушди саноат, корхона ҷиҳати зиёд кардани ҳаҷм ва номгӯи маҳсулот, ҳамчунин афзоиши ҷойҳои корӣ тадбирҳои муассирро амалӣ намудааст. Дар натиҷа, шумораи ҷойҳои корӣ 40 фоиз ва музди миёнаи меҳнати кормандон 15 фоиз афзоиш ёфтааст.
“Арча-мебел” аз зумраи ширкатҳои муваффақи истеҳсолӣ ба ҳисоб рафта, бо истеҳсоли мебелҳои баландсифат, ҷавобгӯ ба талаботи бозори дохилӣ ва хориҷӣ шинохта шудааст. Ворид ва насби технологияҳои навин имконият фароҳам овардааст, ки номгӯи маҳсулот пайваста васеъ гардида, ҳаҷми истеҳсол сол ба сол афзоиш ёбад.
Раиси вилоят Раҷаб Аҳмадзода ҷиҳати боз ҳам тақвият бахшидан ба дастовардҳои истеҳсолӣ ва истифодаи васеи имкониятҳои мавҷуда ба масъулини ширкат дастуру тавсияҳои муфид дод.







