(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altСубҳи имруз дар толори пазироии Кохи “Суғдиён”-и шаҳри Хуҷанд аз ҷониби Раиси шаҳр Фирдавс Шарифзода ба 150 нафар хонандагону донишҷӯён ва варзишгарони муваффақу лаёқатманду парчамбардори миллат идрорпулии Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.

Фирдавс Шарифзода нахуст ҷавононро бо Рӯзи ҷавонони Тоҷикистон табрику таҳният гуфта, онҳоро барои ноил гардиданашон ба Стипендияи Раиси шаҳр табрику муборакбод намуд.
Шаҳрдор таъкид дошт, ки Истиқлолият рукни муҳим ва меҳвари давлатдорӣ ва давлатсозии навини мо ба ҳисоб рафта, ҳифзу гиромидошти ин неъмати бебаҳо ба ҳайси арзиши муҳими умумимиллӣ ва давлатӣ ҳамчунин бо кору фаъолияти созандаи ҷавонони бофарҳангу соҳибирода, хештаншиносу ватандўст иртиботи ногусастанӣ дорад. Аз ин рў, масъалаи сиёсати давлатии ҷавонон дар маркази диққати ҳамешагии Ҳукумати мамлакат қарор гирифта, барои пуштибонӣ ва дастгирии иқдомоти бунёдкоронаи ҷавонони кишвар аз ҷониби давлату ҳукумат тадбирҳои мушаххас амалӣ мегарданд.
Дар ин замина, муҳайё намудани шароити мусоид барои ташаккули ҳамаҷиҳатаи ҷавонон, тарбияи хуб ва босамари насли ояндасоз, ҳидоят намудани онҳо ба роҳи дурусти зиндагӣ ва кору фаъолият, андешидани чораҳои зарурӣ баҳри аз худ намудани илму донишҳои замонавӣ, касбу ҳунар ва ниҳоят муҳайё намудани заминаҳои мусоид баҳри дар оянда ҳамчун ворисон ва меросбарони сазовори миллату халқи соҳибтамаддун ба воя расидани ҷавонон пайваста дар суханрониҳои Пешвои муаззами миллат таъкид меёбад.
Раиси шаҳр гуфт, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар ҷодаи дастгирии насли ҷавон, ба роҳ мондани ташаббусҳои навин ва созанда, татбиқи муваффақонаи сиёсати ҷавонон тадбирҳои заруриро роҳандозӣ намудааст ва ҳамеша ташаббусҳои созандаи ҷавононро дастгирӣ менамояд. Аз ҷумлаи ин дастгириҳо ҳамасола барои хонандагон ва донишҷўёни фаъолу аълохони муассисаҳои таълимии шаҳр ҷудо гардидани стипендияҳои Раиси шаҳр мебошад. Маврид ба зикр аст, ки шумораи идрорпулии Раиси шаҳр ҳамасола зиёд карда шуда, соли равон он ба 150 адад расонида шуд.
Иттилоъ дода шуд дар соли таҳсили 2024-2025 – 72 нафар хонандагони муссисаҳои таълимии шаҳр ба дарёфти стипендияи Президентӣ ва 80 нафар донишҷўёну магистрантони муассисаҳои олӣ ва миёнаи касбии шаҳр ба идрорпулии Раиси вилояти Суғд мушарраф гардида, садҳо нафар аз донишандўзон бо ифтихорномаю сипосномаҳо сарфароз гардонида шуданд. Алҳол дар шаҳр ҷавонон дар корҳои роҳбарии шохаҳои ҳокимият, истеҳсолоту тиҷорат, илму таҳсилот ва ғайраҳо пурсамар фаъолият доранд. Илова бар ин, имрўз ҷавонони мо дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи умумиҷаҳонӣ низ иштирок намуда, сазовори ҷойҳои намоён шуда истодаанд. Дар ин давра 2480 нафар варзишгарони шаҳр дар мусобиқаҳои гуногуни сатҳи маҳаллӣ, ҷумҳуриявӣ ва байналмилалӣ иштирок намуда, 782 нафар барои гирифтани медали тилло, 741 нафар барои гирифтани медали нуқра ва 957 нафар барои гирифтани медали биринҷӣ мушарраф гардиданд. Дастовардҳои варзишгарон гувоҳи он аст, ки ҷавонон ҳамеша дар боло рафтани эътибори кишвари азизи мо дар сатҳи ҷаҳонӣ саҳми арзанда мегузоранд. Вале мо бояд бо ин дастовардҳо қаноатманд нашавем, ҷавонон вазифадоранд, ки имрӯз Парчами Тоҷикистонро дар бозиҳои Олимпиву мусобиқаҳои байналхалқӣ парафшон намоянд, зеро барои ин тамоми шароит ва имкониятҳо дар шаҳри Хуҷанд муҳайё карда шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода гуфт, ки имрўз зиёда аз 1000 нафар ҷавонписарону ҷавондухтарони шаҳрамон дар муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишварҳои пешрафтаи дунё, аз қабили Ҷумҳурии мардумии Чин, Федератсияи Россия, Малайзия, Штатҳои муттаҳидаи Амрико, Олмон, Англия, Туркия, Қазоқистон ва ғайра таҳсили илм доранд.
Тибқи маълумоти маркази миллии тестӣ, аз шумораи умумии хатмкунандагони соли таҳсили 2023-2024 ҳамагӣ 2371 нафар ҷавонони шаҳри Хуҷанд ба муассисаҳои олӣ ҳуҷҷат супориданд ва аз онҳо 435 нафарашон дар мактабҳои олии пойтахти кишварамон ва 445 нафарашон дар муассисаҳои олии хориҷи кишвар ба таҳсил фаро гирифта шудаанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, хосатан роҳбарияти шаҳр оянда аз ин кадрҳои соҳибихтисос умедҳои зиёд дошта, боварии комил дорад, ки ҷавонон баъди соҳибмаълумоту соҳибихтисос гардидан, ба пешрафти соҳаҳои гуногуни хоҷагии халқи шаҳр саҳмгузорӣ хоҳанд кард.
Ташаббусҳои Ҳукумати мамлакат, шахсан Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои муаззами миллат Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҷодаи рушду такомули соҳаҳои хоҷагии халқи мамлакат, расидан ба иҷрои ҳадафҳои стратегӣ дар ҷомеа ҳамовозии гарму ҷўшон пайдо намуда, дар ин раванд дар саросари кишвар силсилаи тадбирҳои судманд рўи кор омадаанд.
Дар даврони Истиқлолият Тоҷикистон дар баробари дастовардҳои бузурги моддӣ ва иқтисодӣ ба комёбиҳои беназири маданиву фарҳангӣ ноил гардид. Иқдомҳои шоиста ва ташаббусҳои наҷиб ва пайвастаи Сарвари мамлакатамон баҳри рў овардани кишвар ба арсаи таҳаввулот ва рушди устувор боис гардида, дар иртибот ба ин сатҳи худшиносиву худогоҳии ҷомеа боло рафт.
Таъкид шуд, ки Ваҳдати миллӣ фазои осоиштаи ташаккул ва ҳамзистии ҷомеаро тақвият бахшида, мафкураи созандагӣ ва бунёдкорӣ ба рукни муҳими андешаи миллӣ, махсусан андешаи созандаи ҷавонон табдил ёфт.
Сипас, аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар вазъияти тантанавӣ ба 150 нафар хонандагону донишҷӯён ва варзишгарони муваффақу лаёқатманду парчамбардори миллат идрорпулии Раиси шаҳри Хуҷанд тақдим карда шуд.
Донишҷӯён аз ин таваҷҷуҳу ғамхориҳо ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон изҳори миннатдорӣ намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...