21 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Аз тарафи Шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд пеш аз саршавии мавсими оббозӣ гуруҳи кори таъсис дода шуда дар 10 минтақаҳои хавфноки соҳили дарёи Сири шаҳри Хуҷанд лавҳаҳои огоҳкунанда гузошта шуд.
Чун бо гарм шудани боду ҳаво талабот ба об бештар мешавад, дар аксар маврид сокинон ҳангоми шиноварӣ намудан қоидаҳои аввалиндараҷаро риоя карда натавониста ба ҳолати ғарқшави дучор мегарданд, ки ин ҳолат нигаронкунанда мебошад. Бо ин мақсад дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, донишгоҳҳо, коллеҷҳо ва литсейҳои шаҳри Хуҷанд корҳои фаҳмондадиҳӣ низ гузаронида шуда Донистани қоидаҳои оббозӣ ва дуруст риоя намудани қоидаҳои он метавонад шахсро аз оқибатҳои ногувор ҳифз кунад зимни аломатгузорӣ ва гузарондани корҳои тарғиботиву ташвиғоти аз ҷониби гуруҳи корӣ ба истироҳаткунандагон оид ба риояи қоидаҳои шиноварӣ намудан ва ба ҳолатҳои нохуш роҳ надодан маълумот дода шуд.
Дар Шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хучанд навбатдории шабонарӯзӣ фаъол аст, наҷотдиҳандагони шаҳри Хуҷанд, барои кӯмаку имдоди мардум дар ҳолати омодабош қарор доранд.
Дар ҳама ҳолатҳои фавқулодда ба Шӯъбаи Раёсати Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании вилояти Суғд дар шаҳри Хуҷанд бо рақамҳои телефонии 93-880-28-59, (83422) 5-57-02 занг занед.
Мо дар якҷоягӣ амал намуда пеши роҳи ҳодисаҳои нохушро мегирем!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







