21 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни як боздид дар шаҳри Хуҷанд бо фаъолияти корхонаҳои саноатӣ шинос гардиданд.
Зимни боздид аз ҶДММ «Пешсаф-1» иттилоъ дода шуд, ки дар корхона беш аз 6 навъи афшура ва шарбат аз меваҳои маҳаллӣ истеҳсол мегардад. Дар ин корхона бонувони хонашин ба истеҳсоли маҳсулоти иловагӣ ҷалб шудаанд.
Корхонаи ҶДММ «Летс Гоу», ки бо технологияҳои муосир таҷҳизонида шудааст, дар як шабонарӯз то 10 ҳазор литр нӯшокиҳои ташнашикан истеҳсол мекунад. Дар он 25 нафар бо ҷойи кори доимӣ таъминанд. Таҷҳизоти корхона аз Ҷумҳурии Мардумии Чин ворид гардида, маҳсулот дар тамоми минтақаҳои кишвар ба фурӯш бароварда мешавад.
ҶСК «Корхонаи консервабарории шаҳри Хуҷанд» бошад ба мавсими нави истихроҷ ва коркарди зардолу омодагӣ мебинад. Корхона имконият дорад дар як мавсим то 120 тонна мева ва сабзавотро коркард намояд. Дар он 30 нафар корманд фаъолият доранд.
Раиси вилоят ба роҳбарони ширкатҳои истеҳсолӣ барои қабулу коркарди меваҳои шаҳдбор, зиёд намудани ҳаҷми истеҳсоли маҳсулот ва содироти он супоришҳо дод.
Дар доираи татбиқи сиёсати саноатикунонии босуръати кишвар, дар шаҳри Хуҷанд бунёди як қатор корхонаҳои нави саноатӣ ба роҳ монда шудааст.
Корхонаи нави ҶДММ «Дороинвест» яке аз чунин корхонаҳоест, ки сохтмонаш идома дорад. Тибқи лоиҳа корхона бо таҷҳизоти муосир муҷаҳҳаз гардида, навъҳои гуногуни меваю сабзавот коркард мешавад.
Раиси вилоят аснои шиносоӣ барои ба анҷом расонидани корҳо ва ба истифода омода намудани корхона супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







