(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо сокинон ва фаъолони маҳаллаҳои «Тиллокон” ва «Темурмалик» мулоқот анҷом дод.

Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд ҳадафи мулоқотро баррасии масъалаҳои натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 апрели соли 2025 барқияи ҳукуматӣ аз 28 апрели соли 2025, №24/2-37 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 апрели соли 2025, №118 «Дар бораи таъсис додани гурўҳӣ кории вилоятӣ» ва бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба таъмини иҷрои талаботи моддаи 2531 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои амалишуда истода дар самти пешгирии шомилшавии сокинон ба экстремизм ва терроризм ва ғайраҳо унвон намуд.
Шаҳрдор иттилоъ дод, ки тақвияти нишондиҳандаҳои соҳаҳои хоҷагии халқ имкон дод, ки дар се моҳи соли ҷорӣ нақшаи буҷети шаҳр пурраю барзиёд таъмин гардад.
Дар натиҷаи андешидани чораҳои таъхирнопазир нақшаи буҷети умумии шаҳр ба андозаи 105,5 фоиз ё 228,4 миллион сомонӣ таъмин гардидааст.
Ба буҷети маҳаллии шаҳр бошад, 96,1 миллион сомонӣ андозу пардохтҳо ворид гардидааст, ки он дар муқоиса бо нақшаи пешбинигардида ба маблағи 2,6 миллион сомонӣ ё 2,8 дар сад зиёд мебошад.
Қисми хароҷоти буҷети шаҳр 100 фоиз таъмин гардида, дар ин давра барои пардохти музди меҳнат ва маблағҷудокуниҳо барои эҳтиёҷоти иҷтимоӣ 59 млн. 864,3 ҳазор сомонӣ маблағҳои буҷетӣ масраф гардиданд, ки ин 81,3 фоизи хароҷоти умумии буҷети маҳаллиро ташкил намуда, аз ин ҳисоб қарздорӣ ва ё қафомонии пардохти музди меҳнат ҷой надорад.
Боиси зикр аст, ки мутобиқи Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 6 майи соли 2022, №АП-188 бо мақсади омодагии ҳамаҷониба ба ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо амри Раиси шаҳр аз 20 июни соли 2022, №77 аз ҳисоби роҳбарони ташкилоту идораҳо ва воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр гурўҳи корӣ таъсис дода шуда, нақшаи чорабиниҳои шаҳрӣ оид ба корҳои ободонию бунёдкорӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда шуд.
Мувофиқи нақша чорабинии зикрёфта сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳими ба нақша гирифта шуда, то имрўз 788 адади онҳо бунёд карда шудааст, ки он нисбат ба нақшаи умумии пешбинишуда 83,0 фоизро ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии иншооти бунёдшуда, 63 адади он ба соли ҷорӣ рост омада, аз онҳо 17 иншоот дар соҳаи саноат, 1 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 3 иншоот ба дар соҳаи варзиш, 19 иншоот дар соҳаи савдою хизматрасонӣ, 23 бинои истиқоматӣ бунёд, таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Фирдавс Шарифзода дар баробари дастовардҳои ноил гардида, ҳамчунин таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои алоҳида ҷалб намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки баҳри рафъи он камари ҳиммат басда, дар якҷоягӣ Ватани маҳбубамон ободу хуррам намоем.
Сипас ёрдамчии прокурори шаҳри Хуҷанд, Манучеҳр Ҳурматзода доир ба Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соҳаи қонунгузорӣ вобаста ба энергетика маълумот дода, аз ҷумла афзуд, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки рушди соҳаи энергетика ҳадафи стратегии давлатӣ эълон шудааст, иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти таҳкими қонунияти соҳа ва таъмини истифодаи самараноки захираҳои энергетикӣ аҳамияти вижа дорад.
Дар ин замина, тарғибу ташвиқи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва «Дар бораи ворид намудани тағиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар соҳаи қонунгузории энергетикӣ амри зарурӣ ба ҳисоб меравад. Ворид намудани тағйиру иловаҳо ба кодексҳои ҷиноятӣ ва ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ, ки ҷавобгарии шаҳрвандонро барои қонуншиканиҳо дар соҳаи энергетика муайян менамоянд, як қадами муҳим дар самти мубориза бо дуздӣи барқ, исрофкорӣ ва истифодаи ғайриқонунии захираҳои энергетикӣ мебошад. Ин тадбирҳо барои таъмини интизоми ҳуқуқӣ, ҳифзи манфиатҳои давлат ва шаҳрвандон, инчунин барои ҷалби сармоягузорӣ ба соҳаи энергетика равона шудаанд.
Муовини сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Олимҷон Сабуров дар баромади худ оид ба гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракати экстремистию террористӣ, пешгирии фарҳанги бегона, ҷинояткорӣ ва ғайраҳо андешаронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки аз замонҳои қадим то ба имрӯз новобаста ба пешрафти ҷомеа, тараққиёти илм ва техникаву технологияи нав инсонҳои пайдо мешаванд, ки ба тақлидкорию хурофот бовар доранд. Аслан сарчашмаи хурофот ва хурофотпарастӣ бештар аз фаҳмиши нодурусти як гурӯҳи одамон, аз паст будани сатҳи маърифати онҳо вобастагӣ дошта, бо ҳар роҳу васила мехоҳанд ба пешрафти ҷомеа халал ворид намоянд.
Барои наҷот аз ин омили номатлуб бештар омӯхтани илму маърифат ва донистани забонҳои дигар, инчунин омӯзонидани андешаи солим барои ҳамаи табақаҳои ҷомеа, хосатан насли ҷавон хеле муҳим мебошад.
Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳури Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамеша таъкид мекунанд, ки омӯхтани илму дониш ва дар ин замина баланд бардоштани сатҳи маърифатнокии ҷомеа, омӯхтани техника ва технологияи нав, донистани забонҳои хориҷӣ метавонад барои аз байн рафтани хурофот ва хурофотпарастӣ мусоидат кунад. Аз ин хотир бо иқдомҳои дурбинонаи Пешвои миллат роҳандозӣ гардидани якчанд озмунҳои ҷумҳуриявӣ барои бештар ҷалб гардидани сокинони синну соли гуногун, хосатан ҷавонон имкониятҳои васеъро фароҳам овард. Ҳамсола ҳазорҳо нафар дар озмунҳо иштирок намуда, сатҳи дониш ва касбияти худро баланд мебардоранд.
Агар ба таърихи башарият назар андозем аксаран дар ҷомеаҳои гуногун нафароне ё табақаҳои буданд, ки идораи иҷтимоӣ дар дасташон буд, онҳо ҳамеша кӯшиш мекарданд, худро дар назди мардуми оддӣ бартар ва болотар нишон дода, аз нодонии мардум истифода мебурдан ва манфиатҳои худро амалӣ месохтанд.
Ҳамин ҳолат боиси он мегардад, ки гурӯҳҳои манфиатҷӯие, ки аз бовариҳои мардум сӯистифода намуда, худро донандаи асрори вуҷуд муаррифӣ менамуданд, барои табақаҳои ҳоким ба ҳайси як пуштибон зуҳур кунанд. Онҳо бо таблиғҳои ғайри илмӣ ва ғайри воқеии хеш дар зеҳни мардум аз нафароне, ки идораи сиёсию иҷтимоӣ дар дасташон ҳаст, як навъ шахсиятҳои ғайритабиӣ муҷизаосо ва осмониро нишон медоданд.
Дар ҷараёни мулоқот сокинони маҳаллаҳои “Тиллокон” ва “Темурмалик” доир ба мушкилоти хеш, муаммоҳо, пешниҳодот оид ба ободонии маҳалли зист ва ҳамчунин вобаста ба масоили матраҳгардида фикру андешаҳои хешро баён доштанд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...