(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар доираи вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон, шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, фарҳанги либоспӯшӣ, пошхӯрии оилаҳо ва ҳуруфотпарастӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 шаҳри Хуҷанд бо фаъолони маҳаллаи “Чашмаи Арзана”-и шаҳри Хуҷанд мулоқот баргузор гардид,

ки дар он мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои Дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Муродҷон Раҷабов, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов, сардори шуъбаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд Султонбой Ғафуров ва намояндаи ходимони дин иштирок ва баромад карданд.
Зимни мулоқоти баргузоргардида бо сокинони маҳалла зикр карда шуд, ки дар партави сиёсати хирадмандона, созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари маҳбуби мо — Тоҷикистон рӯз аз рӯз рушд намуда, зебову шукуфон гардида истодааст. Дар заминаи ин сиёсати бунёдкорона барои сокинони мамлакат шароити мусоиди зиндагӣ, кору фаъолият ва зиндагии осоишта муҳайё гардидааст.
Таъкид гардид, ки дар шароити муосир, ки таҳдиду хатарҳои гуногуни идеологӣ ва иттилоотӣ мавҷуданд, зарур аст ҷомеа, хусусан ҷавонон, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар пешгирии ҳама гуна амалу ҳаракатҳои номатлуб ва тахрибкорона саҳми фаъол дошта бошанд. Зеро душманони миллат бо истифода аз ҳаргуна василаҳо ва роҳу усулҳои гуногун кӯшиш доранд, ки шуури ҷавононро таҳти таъсир қарор дода, онҳоро аз роҳи дуруст берун кунанд.
Мақсади асосии баргузории чунин мулоқоту чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии миллӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ, инчунин ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.


Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...