20 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар доираи вохӯриву мулоқотҳо бо сокинони маҳаллаҳои шаҳри Хуҷанд оид ба пешгирӣ намудани ҳодисаҳои номатлуб байни ҷавонон, шомилшавӣ ба ҳаргуна ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, риояи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулият барои таълиму тарбияи кӯдак” ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими ҷашну маросим дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ, фарҳанги либоспӯшӣ, пошхӯрии оилаҳо ва ҳуруфотпарастӣ дар толори Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №25 шаҳри Хуҷанд бо фаъолони маҳаллаи “Чашмаи Арзана”-и шаҳри Хуҷанд мулоқот баргузор гардид,
ки дар он мудири шуъбаи кор бо маҳаллаҳои Дастгоҳи Раиси шаҳри Хуҷанд Муродҷон Раҷабов, роҳбари дастгоҳи Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Маҳмадсалим Ҳаитов, сардори шуъбаи агентии давлатии ҳифзи иҷтимоӣ ва шуғли аҳолии шаҳри Хуҷанд Султонбой Ғафуров ва намояндаи ходимони дин иштирок ва баромад карданд.
Зимни мулоқоти баргузоргардида бо сокинони маҳалла зикр карда шуд, ки дар партави сиёсати хирадмандона, созанда ва дурбинонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, кишвари маҳбуби мо — Тоҷикистон рӯз аз рӯз рушд намуда, зебову шукуфон гардида истодааст. Дар заминаи ин сиёсати бунёдкорона барои сокинони мамлакат шароити мусоиди зиндагӣ, кору фаъолият ва зиндагии осоишта муҳайё гардидааст.
Таъкид гардид, ки дар шароити муосир, ки таҳдиду хатарҳои гуногуни идеологӣ ва иттилоотӣ мавҷуданд, зарур аст ҷомеа, хусусан ҷавонон, зиракии сиёсиро аз даст надиҳанд ва дар пешгирии ҳама гуна амалу ҳаракатҳои номатлуб ва тахрибкорона саҳми фаъол дошта бошанд. Зеро душманони миллат бо истифода аз ҳаргуна василаҳо ва роҳу усулҳои гуногун кӯшиш доранд, ки шуури ҷавононро таҳти таъсир қарор дода, онҳоро аз роҳи дуруст берун кунанд.
Мақсади асосии баргузории чунин мулоқоту чорабиниҳои фаҳмондадиҳӣ баланд бардоштани сатҳи худогоҳиву худшиносии миллӣ, тақвияти ҳисси ватандӯстӣ ва ифтихори шаҳрвандӣ, инчунин ҷалби бештари ҷавонон ба корҳои созандагиву бунёдкорӣ ва рушди минбаъдаи Тоҷикистони соҳибистиқлол мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







