17 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Санаи 18 май, соати 07:00 дар шаҳри Хуҷанд "Дави миллӣ" ва марафони велосипедронӣ баргузор мегардад.
Дар маркази вилоят – шаҳри Хуҷанд, ин чорабинии варзишӣ аз назди КВД “Маҷмааи ҳавзҳои шиноварии 20-солагии Истиқлолияти Тоҷикистон” оғоз ёфта, дар майдони Парчами давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар хиёбони ба номи Раҳмон Набиев, ба анҷом мерасад.
Ёдовар мешавем, ки Дави миллӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 марти соли 2007 «Дар бораи Рӯзи дави миллӣ» ҳамасола дар саросари ҷумҳурӣ гузаронида мешавад. Мақсад аз баргузории мусобиқа- таҳкими тарзи ҳаёти солим, рушду инкишофи соҳаи варзиш ва оммавияти он байни аҳолӣ мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







