17 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар шаҳри Хуҷанд озмуни “Хонандаи соли 2025” баргузор гардид.
Дар даври шаҳрии озмуни “Хонандаи сол”-2025 аз 50 муассисаи таълими як нафари хонандагони болаёкат ширкат варзида, ба даври ниҳоии он ҳафт нафар роҳхат гирифтанд: МТМУ №16-Ғафурова Дилноза, МТМУ№22- Умарова Самия, МТМУ№30 – Алиева Назира, Мактаби хусусии “Пӯлотов” – Каримова Робия, Шомирсаидов Абубакр, литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд- Қӯзибоева Лайло, литсейи донишкадаи политехникӣ- Комилҷонова Мухлиса. Хонандагони мазкур дар даври ниҳоӣ аз руйи шартҳои пешниҳодшуда бо ҳам рақобат намуданд.
Ҳамин тавр, ҳакамон дар озмуни “Хонандаи соли 2025” беҳтарин хонандаи соли 2025-ро муайян намуданд.
Муҳассили литсейи донишкадаи политехникии шаҳри Хуҷанд Мухлиса Комилҷонова, бо гиифтани холҳои зиёд мақоми аввалро соҳиб шуд ва “Хонандаи соли 2025” шаҳри Хуҷанд муаррифӣ гардид.
Хонандагони мактаби хусусии “Пӯлотов” Абӯбакр Шомирсаидов ва литсей барои хонандагони болаёқати шаҳри Хуҷанд Лайло Қӯзибоевв ҷойи дуюмро соҳиб шуданд.
Дастпарварони МТМУ №16 Дилноза Ғафурова, МТМУ№22 Самия Умарова, МТМУ№30 Назира Алиева ва мактаби хусусии “Пӯлотов” Робия Каримова ҷойи сеюмро ба даст оварданд.
Ба ғолибон диплом ва туҳфаҳои хотиравӣ тақдим гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







