16 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар ширхоргоҳ-кӯдакистони №6-и шаҳри Хуҷанд озмуни шаҳрии «Донояк» баргузор гардид ва ғолибон муайян карда шуданд.
Шоҳҷоиза насиби тарбиятгирандаи ширхоргоҳ-кӯдакистони №14 Марямхон Умарзода гардид.
Ҳамчунин дар ин озмун 6 нафар ҷойи аввал, 9 нафар ҷойи дуюм ва 20 нафар мақоми сеюмро ба даст оварданд.
Ҷоиз ба зикр аст, ки иштирокчиёни озмун аз рӯйи шартҳои саломнома ва муаррифии он, қироати шеъри кӯдакона, бозидани нақшаи асосӣ аз рӯйи қаҳрамонҳои «Афсонаҳои халқи тоҷик» ва суруд ё рақс дар оҳанги мусиқии миллии кӯдакона бо ҳам рақобат намуданд.
Бояд қайд намуд, ки озмуни мазкур бо мақсади баланд бардоштани маънавиёти насли наврас, ташаккули ҷаҳонбинии худфаъолиятӣ, эҷодкории кӯдакон баргузор карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







