16 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади пайдо кардани истеъдодҳои нави соҳаи санъат, баланд бардоштани маҳорати касбӣ, тақвият бахшидан ба маҳорати баланди ҳунари иҷрокунандагӣ, таълифи ашъори баландғояи ватандўстона, дарёфти беҳтарин намунаҳои оҳанг ва сурудҳои тараннумгари Ватан, Истиқлолият, Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд даври шаҳрии озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон – Ватани азизи ман» баргузор шуд.
Дар даври шаҳрии озмун 268 нафар ба қайд гирифта шуда, сатҳи омодагии ҳунариву эҷодии онҳо аз ҷониби мутахассисон натиҷабардорӣ гардида, аз ин шумора 203 нафар барои иштирок дар даври шаҳрӣ имконият пайдо намуданд.
Санаи 13 майи соли 2025 номинатсияи санъати тасвирӣ ва дизай дар Арт – галереяи “Сомониён” ва санаи 14 майи соли 2025 номинатсияҳои сарояндагӣ, навозандагӣ ва оҳангсоз - бастакорӣ дар толори Муассисаи давлатии Кохи фарҳанги “Суғдиён” бо иштироки 203 нафар довталаб аз шаҳри Хуҷанд бо натиҷаҳои назаррас дар сатҳи баланди ташкилию эҷодӣ гузаронида шуд.
Ҳайати комиссия дар озмун тибқи хулосаи ҳакамони озмун аз рӯи панҷ номинатсияҳо (сарояндагӣ, навозандагӣ, бастакорӣ, санъати тасвирӣ ва дизайн) ва ҳар як номинатсия иборат аз жанрҳо (академӣ, анъанавӣ, эстрадӣ, мусавварӣ, ҳайкалтарошӣ, графика ва миниатюра, кулолгарӣ, наққошӣ, коркарди бадеии чӯб, интерер, батика ва габелен), ҳамчунин синну соли аз 12 то 17 ва 18 то 35 сола ба иштирокчиён баҳогузорӣ намуданд.
Аз рӯи ҷамъбасти натиҷаҳои озмун ва номинатсияҳои зикргардида 89 нафар ғолибон муайян карда шуда, ба онҳо дар вазъияти ботантана аз номи Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз ҷониби муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Муяссара Қаҳҳорӣ, директори маркази илмӣ – методии назди Раёсати фарҳанги вилоят Олимҷон Юсупов ва ҳайати ҳакамони озмун мукофотҳои пулӣ дар ҳаҷми барои ҷойи 1-ум 2000 сомонӣ, барои ҷойи дуюм-1400 сомонӣ ва барои ҷойи сеюм 1000 сомонӣ супорида шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







