15 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Субҳи имрӯз Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба манзили якчанд нафар оилаҳои барӯманди шаҳр рафта, онҳоро бо Рӯзи байналмилалии оила табрику таҳният гуфтанд.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода ҳангоми дидорбинӣ бо оилаи Усмоновҳо: Ҳалим Усмонов ва Муборак Усмонова, оилаи Абдуллоевҳо: Баҳодур Абдуллоев ва Ҳабиба Ҳакимова ва оилаи Неъматовҳо: Ҷӯрабой Неъматов ва Биҳоҷал Раҳимова, ки ҳамзистии аз 45 то 65 сола доранд, бо Рӯзи байналмилалии оила шодбош гуфта, аз ҷумла афзуд, ки оила-сарчашмаи муҳаббат, эҳтиром, якдилӣ ва дилбастагист. Оила ҳамчун унсури асосии ҷомеа ҳамеша нигоҳдорандаи арзишҳои инсонӣ, фарҳанг, идомаи таърихии наслҳо ва омили мустаҳками инкишоф аст. Оила бақои давлат ва ҷамъият буда, зерсутун ва пойдевори тарбияи насли наврас маҳз аз он сарчашма мегирад. Яке аз масъалаҳои мубрами ҳаёти имрўзи ҷомеа бунёди оилаву ҷомеаи солим ва тарбияи насли ояндасоз ба шумор меравад, ки ҳалли дурусти он ба тарзи ҳаёт ва рафти инкишофи худи инсон, рушди ҷомеа вобаста мебошад.
Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар яке аз суханрониҳояшон баён доштанд, ки “Давлат дар доираи талаботи Конститутсия ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, аз ҷумла ҳимояи оила, ҳифзи кӯдакони ятиму маъюб ва таҳсилу табобати шаҳрвандонро кафолат дода, оиларо ҳамчун асоси ҷамъият ҳимоя мекунад”.
Яке аз омилҳои муҳими пешрафти ҷомеа тарбияи дурусти фарзанд ба шумор меравад. Дар ин амри хайр нақши оила ҳамчун ниҳоди боэътимод ниҳоят муҳим мебошад. Агар оила ба тарбияи фарзандон эътибори ҷиддӣ дода, онҳоро солиму солеҳ ба воя расонад ва дар ташаккули шахсияташон дар хонавода аҳамияти зарурӣ диҳад, чунин фарзанд дар ҷомеа ҳатман мавқеи худро пайдо карда, боғи падару модар мегардад ва нафъаш ба падару модар ва кишвар зиёдтар мерасад.
Оилаҳои намунавии шаҳри Хуҷанд барои чунин самимият ва таваҷҷуҳи ба Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон миннатдории хешро расониданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







