(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Фирдавс Шарифзода, Раиси шаҳри Хуҷанд бо сокинон ва фаъолони маҳаллаҳои “Раззоқ”, “Масчиди савр” ва “Қорираҳмат Қурбонов” мулоқот намуд.

Шаҳрдор мулоқотро оғоз намуда, иттилоъ дод, ки Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо саҳми тамоми сокинони шаҳр, баҳри дар амал татбиқ намудани сиёсати хирадмандонаи Пешвои муаззами миллат, мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, бо мақсади иҷрои босифату саривақтии Амру Фармонҳо ва инчунин дастуру ҳидоятҳое, ки аз Паёмҳояшон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бармеояд ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода як силсила корҳои назарраси созандагиро роҳандозӣ намуда истодааст.
Дар ин давра аз ҷониби 110 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи зиёда аз 1,1 миллиард сомонӣ маҳсулотҳои воридотивазкунанда истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 105,4 млн. сомонӣ зиёд шудааст.
Дар раванди рушду инкишофи ин соҳа дар соли сипаригашта ва семоҳаи аввали соли ҷорӣ бо ҷалби зиёда аз 44,0 миллион сомонӣ сармояҳо 61 адад корхонаҳои нави истеҳсолии хурд таъсис дода шуда, ҳамзамон 1031 ҷойҳои нави корӣ зиёд шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба пешвози арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода, афзуд, ки дар панҷ соли охир сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, танҳо дар семоҳаи якуми соли 2025-ум 63 адади онҳо бунёд карда шудааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода дар баробари дастовардҳои ноил гардида, ҳамчунин таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои ҳалталаби соҳаҳои алоҳида ҷалб намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки баҳри рафъи он камари ҳиммат басда, дар якҷоягӣ Ватани маҳбубамонро ободу хуррам намоем.
Сипас муовини прокурори шаҳри Хуҷанд Толиб Ҳоҷиев баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки тайи солҳои соҳибистиқлолӣ Ҳукумати кишвар барои зиёд кардани иқтидори истеҳсоли неруи барқ, мустаҳкам сохтани инфрасохтори низоми энергетикӣ, сарфаҷӯйӣ ва истифодаи самараноки неруи барқ 36 лоиҳаи сармоягузории давлатиро ба маблағи 89 миллиард сомонӣ амалӣ намуд. Аз ҷумла, дар самти паст намудани талафоти неруи барқ 3 лоиҳа ба маблағи умумии 1,1 миллиард сомонӣ амалӣ гардида, татбиқи боз 3 лоиҳаи дигар ба маблағи 2,9 миллиард сомонӣ идома дорад.
Танзими ҳуқуқии соҳаи энергетика ҳамчун воситаи асосии ба низом даровардани муносибатҳои байни ширкатҳои таъминкунандаи барқ ва истеъмолкунандагон хизмат мекунад. Бе мавҷудияти қонунгузории возеҳ ва ҷорӣ намудани ҷавобгарии ҳуқуқӣ, мубориза бо қонуншиканиҳо, мисли истифодаи худсарона, дуздӣ ва исрофи нерӯи барқ душвор мегардад. Дар шароити рушди босуръати иқтисоди миллӣ, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва ҳифзи манфиатҳои шабакаҳои барқӣ, давлат ва аҳолӣ танҳо тавассути танзими мукаммали ҳуқуқӣ имконпазир аст.
Муовини сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Олимҷон Сабуров дар баромади худ оид ба гаравидани наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракати экстремистию террористӣ, пешгирии фарҳанги бегона, ҷинояткорӣ ва ғайраҳо андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки зуҳуроти ташвишоваре, ки имрӯз як идда ҷавонони зудбовару гумроҳро фаро гирифтаву сӯи зулмот ва бераҳмиву ҷаҳолат мебарад, ин бо ҳар роҳу усул шомилшавӣ ба ҳизбу созмонҳои хусусияти экстремистидошта, гурӯҳҳои ҷангҷӯю тундрав мебошанд, ки имрӯз мусибати гаронеро ба сари мардум оварда, оромиву суботи ҷомеаро халалдор месозанд.
Доман задани таассуби динӣ дар мамолики исломӣ дар баробари ифротгароӣ ва терроризм аз он дарак медиҳад, ки дин сарчашмаи ғоявии пурқудрати барои расидан ба ҳаргуна ҳадаф мебошад. Яке аз омилҳои пайдоиши ба истилоҳ «терроризми исломӣ», ки маргталабон анҷом медиҳанд, таассуби динӣ мебошад. Бояд таъкид намоем, ки ифротгароӣ, тундгароӣ ва терроризм аз таассуби динӣ сарчашма мегирад.
Дар ҷараёни мулоқот сокинони маҳаллаҳои “Раззоқ”, “Масчиди савр” ва “Қорираҳмат Қурбонов” доир ба мушкилоти ҷойдошта, корҳои ободонию созандагӣ ва масоили матраҳгардида фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар ободонии маҳалли зист бетараф набошем.
Мо ҳамагон боядба қадри заҳмати сангини роҳрӯбон ва тозакорон расем, зеро тозагиву озодагӣ вақте муяссар мегардад, ки дигарон онро риоя намоянд, нагузоранд, ки сабзазору дарахтони бо заҳмати зиёд парваришёфта поймолу шикаста гарданд.Нафаре партови худро ба роҳ партояд.
Сокини шаҳри Хуҷанд-маркази маъмурии вилояти Суғд будан ифтихори бузург аст. Сокинони мо низ кӯшиш намоянд, ки ба ин ифтихору шарафмандӣ сазовор бошанд. Фаромӯш насозем, ки тозагии шаҳри мо аз тозагии кӯчаву маҳалли зисти ҳар яки мо сар мешавад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...