13 Май 2025
Имрӯз дар доираи нақша-чорабиниҳои созандагию бунёдкорӣ бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ва арафаи таҷлили Рӯзи ҷаҳонии футбол дар шаҳри Хуҷанд байни хонаҳои баландошёнаи маҳаллаи Қорираҳмат Қурбонов маҷмааи нави варзишӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд.
Дар маросими кушодашавии он Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ва фаъолони маҳалла ширкат намуданд.
Иттилоъ дода шуд, ки маҷмааи варзишии навбунёд бо иқдоми соҳибкори ватанӣ, муассиси ширкати сохтмонии “Тоҷ-сохтмон”, вакили Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд Набиҷон Абдураззоқов тибқи талаботи меъёрҳои муосири сохтмонӣ сохта шуда, дарозӣ ва паҳноии майдончаи футбол 20 ба 12 метрро ташкил медиҳад. Ҳамчунин майдонча барои фароғати кӯдакон бо насби дастгоҳҳои бозиҳои гуногун фароҳам оварда шудааст. Дар ин мавзеъ ҷойи нишасти фароғатӣ барои куҳансолон низ муҳайё гардидааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба корҳои сохтмонӣ баҳои баланд дода, масъулини соҳаро ҷиҳати тарғибу ташвиқи тарзи ҳаёти солим ва оммавигардонии варзиш, хусусан миёни ҷавонону наврасон ҳидоят намуд.
Таъкид шуд, ки ин ҳама ободкориҳо бо дастгирии Асосгузору сулҳу Ваҳдати миллӣ, Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯйи кор омада, аз насли ояндасози кишвар даъват ба амал овард, ки аз чунин имкониятҳои мусоид васеъ истифода намоянд, то ҳама намуди варзиш, аз ҷумла футбол дар шаҳр рушди ҳамаҷониба пайдо намояд.
Таъкид шуд, ки соҳаи варзиш чун омили камолоти ҷисмонӣ ва тавоноии мардуми диёр пазироӣ ва мавриди таваҷҷўҳу эътибор қарор дода шудааст. Воқеан, варзиш дар ҳар давру замон қосиди сулҳу дўстӣ ва муаррификунандаи ҷаҳони маънавию солимии миллату давлат буд ва минбаъд низ боқӣ хоҳад монд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд