12 Май 2025
Дар толори қаҳвахонаи “Фирдавс” чун анъана маросими навбатии супоридани Шаҳодатномаву идрорпулӣ ба муҳассилини Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспири шаҳри Хуҷанд бо иштироки хонандагону омўзгорон, волидайн ва меҳмонон баргузор гардид.
Директори Марказ Ҳамида Ўрунова чорабиниро ҳусни ифтитоҳ намуда, аз ҷумла таъкид намуд, ки яке аз масъалаҳои муҳим ва калидӣ- ин соҳаи маориф аст, ки дар ин робита низ Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар суханрониҳояшон борҳо изҳори назар намуда, беҳтар сохтани соҳаи маорифро махсус таъкид намудаанд. Зеро бе маориф инсоният ба пешрафте ноил гардида наметавонад. Ҳамин аст, ки Президенти Тоҷикистон аз рӯзҳои нахустини фаъолияти кориашон ба соҳаи маориф таваҷҷуҳи бештар зоҳир намуда, барои рушди ин соҳа корҳои зиёдеро анҷом доданд. Ин нишондиҳандаи баланди меҳандорию ватандӯстӣ ва нишонаи волои мустақилият аст. Танҳо миллати соҳибистиқлол ва хештаншинос метавонад роҳи рушди хешро муайян намояду дар фикри ояндааш бошад.
Таъкид намудан зарур аст, ки насли босавод ва бомаърифат ҳамеша барои рушди ояндааш талош менамояд ва ин гуна насл метавонад мамлакатро низ аз хатарҳои эҳтимолӣ наҷот бидиҳад. Насли нохондаву аз донишу маърифат дур барои ҷомеа дарди сар ва хатарнок мебошад. Аз ҳамин лиҳоз, ҳамеша дастгирӣ намудани соҳаи маориф ҳам ба хотири зиндагии шоиста ва ҳам барои фардои дурахшону обод мебошад. Тарбия намудани насли донишманд ва ҳушёр ҳадафи бузург ва мақсаднок буда, дар ҳама ҳолат сипари зеҳнӣ барои ҳар мамлакат мебошад.
Таваҷҷуҳ намудан ба мактабу маориф устувор сохтани пояи давлатдории миллӣ аст. Зеро маҳз омӯзгори асил ва донишманд метавонад, ки насли ватандӯсту хештаншинос ва бохирад тарбия намояд. Ва ҳамин аст, ки Сарвари давлат бештар ба ин соҳа таваҷҷуҳи махсус зоҳир намуда, ғамхорӣ менамоянд. Ва ин ғамхорӣ ба хотири фардои обод ва Тоҷикистони боз ҳам дурахшонтар мебошад.
Давлату Ҳукумати мамлакат тамоми шароитҳоро барои омӯзишу азбарнамоии забонҳои хориҷӣ фароҳам овардааст, маблағгузорӣ ва ҳавасмандсозиҳои дигари давлатӣ барои забономӯзӣ ва қабули Барномаҳои давлатӣ дар ин самт аз масъалаҳои меҳварӣ мебошад, ки Ҳукумати мамлакат ба он таваҷҷуҳи ҳамешагӣ зоҳир менамояд.
Таъкид шуд, ки ҳадафи асосии Марказ татбиқи сиёсати Ҳукумати мамлакат баҳри омӯзиш ва рушди забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони муассисаҳои таълимӣ ва марказҳои забономӯзӣ ба омӯзиши забони давлатӣ ва забонҳои хориҷӣ, рушди малакаи забономӯзӣ ва истифодаи он дар иқтисодиёти давлат, дарёфти хоаннадагони лаёқатманд ва ҷалби онҳо баҳри дохил шудан ба донишгоҳҳои бонуфузи хориҷӣ мебошад.
Иттилоъ дод, ки Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспир дар шаҳри Хуҷанд зиёда аз 19 сол инҷониб фаъолият дошта, ба омўзонидани забонҳои англисӣ, русӣ, олмонӣ, курсҳои интенсивии равоншиносӣ, фалсафа, ҷомеашиносӣ, инсоншиносӣ ва ҳуқуқшиносӣ бо забони англисӣ машғул аст. Дар Марказ зиёда аз 10 нафар омўзгорони соҳибтаҷриба, докторони илм, номзадони илм, Аълочиёни маориф бо маоши хуб ва ҷойи кори доимӣ таъмин мебошанд.
Таъкид шуд, ки бо мақсади мубодилаи таҷриба ва афкор, баҳри баланд бардоштани донишу малакаҳои омӯзгорони Маркази гуманитарии муосир ба номи У.Шекспир аз кишвари Олмон коршиносон аз ҳисоби омӯзгорон-профессорони пуртаҷриба мунтазам даъват карда мешаванд.
Сипас аз тарафи директори Марказ Ҳамида Ӯрунова ва омӯзгори забонҳои англисӣ ба 52 нафар хатмкунандагон дипломи дараҷаи В1 ва В2 –и забонҳои англисӣ ва олмонӣ тақдим карда шуд. Ҳамзамон 16 нафар хонандагон соҳиби Стипендияи директори Марказ шуданд ва ин имкон медиҳад, ки онҳо маблағи таҳсилро насупоранд ва баръакс соҳиби идрор шуданд.
Ғолибони озмунҳои гуногуни эҷодӣ, аз “Презентатсияи беҳтарин” дар мавзуъҳои: Internet addiction- Вобастаги аз Интернет, People with disablities-люди с ограниченными возможностями, Peer pressure-Фишор аз тарафи хамсолон.
Success -Муваффақият, Teenagers self esteem-Худбаҳодихии наврасон, Tolerance -Таҳаммулпазирӣ байни хонандагони гуруҳҳои СД 5-и забони англисӣ ва В 1-и забони олмонӣ ва озмун байни кормандону нозирони таълимии Марказ натиҷагирӣ ва ғолибонаш низ қадршиносӣ гардиданд.
Дар ҷараёни чорабинӣ, меҳмонон ва волидайни хонандагон баромад намуда, ба фаъолияи Маркази гуманитарии муосир ба номи Уилям Шекспири шаҳри Хуҷанд баҳои баланд дода, хонандагонро баҳри омӯзиши амиқи забонҳо ва дӯст доштани Давлату миллати хеш даъват намуд.
Барномаҳои ҷолиби фарҳангӣ ба чорабинӣ ҳусни анҷом бахшид.