(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо сокинон ва фаъолони маҳаллаҳои “Мевағул” мулоқот намуд.

Дар мулоқоти мазкур муовинони Раиси шаҳр, роҳбари дастгоҳи раиси шаҳр, муовини аввали прокурори шаҳри Хуҷанд, сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, намояндаи шуъбаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд роҳбарони воҳидҳои сохтории мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ иштирок намуданд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ҳадафи мулоқотро баррасии масъалаҳои натиҷаҳои рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳр, дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 25 апрели соли 2025 барқияи ҳукуматӣ аз 28 апрели соли 2025, №24/2-37 ва қарори Раиси вилояти Суғд аз 29 апрели соли 2025, №118 «Дар бораи таъсис додани гурўҳӣ кории вилоятӣ» ва бо мақсади ба роҳ мондани корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба таъмини иҷрои талаботи моддаи 2531 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва моддаи 382 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва корҳои амалишуда истода дар самти пешгирии шомилшавии сокинон ба экстремизм ва терроризм ва ғайраҳо унвон намуд.
Шаҳрдор иттилоъ дод, ки доир ба дастовардҳои хоҷагии халқи шаҳр иттилоъ дода, аз ҷумла афзуд, ки Хуҷанд ке аз шаҳрҳои калонтарини саноатии ҷумҳурӣ ин шаҳри Хуҷанд ба ҳисоб рафта, дар ҳаҷми умумии маҳсулотҳои дар вилоят истеҳсолшаванда заминаи устувор мегузорад. Сарфи назар аз таъсири мушкилиҳои пешомадаи солҳои охир дар натиҷаи чораҳои андешидашуда, имкон дод, ки дар ин давра 13 адад корхонаҳои хурду миёнаи истеҳсолӣ бо истифодаи технологияҳои муосир ва дорои 65 адад ҷойи корӣ, бо ҷалби 7,5 млн. сомонӣ сармояи мустақим сохта ба истифода дода шуда, миқдори умумии корхонаҳои саноатӣ ба 315 адад расонида шавад.
Ин нишондиҳандаҳо дар раванди саноатикунонии босуръати кишвар, барои тақвияти соҳа, ҳамчун ҳадафи чоруми миллӣ ҷиҳати афзоиш ёфтани ҳаҷми маҳсулотҳои истеҳсол гардидаистода саҳми босазо гузошта истодааст.
Таҳлилҳо собит менамоянд, ки ҳаҷми умумии маҳсулоти истеҳсолшуда ба 421,4 миллион сомонӣ расида, аз ин миқдор 88,6 млн. сомонӣ маҳсулот ба давлатҳои хориҷии дуру наздик содирот карда шудааст, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 123,0 фоизро ташкил медиҳад. Ин нишондиҳанда барои рушду такомули ин соҳаи реалии иқтисодиёт таҳкими устувор гузошта истодааст.
Дар шаҳр шумораи корхонаҳои истеҳсолкунандаи маҳсулотҳои ивазкунандаи воридот зиёд шуда, дар ин давра аз ҷониби 109 адад корхонаҳои хурду калон ба маблағи 201,0 млн. сомонӣ чунин маҳсулот истеҳсол гардид, ки он нисбат ба ҳамин давраи соли сипаригашта 16,0 млн. сомонӣ ё 8,6 банди фоизӣ зиёд гаштааст.
Раиси шаҳри Хуҷанд доир ба пешвози арзандаи ҷашни 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳри Хуҷанд иттилоъ дода, афзуд, ки дар панҷ соли охир сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншооти ҳаётан муҳим ба нақша гирифта шуда, танҳо дар семоҳаи якуми соли 2025-ум 63 адади онҳо бунёд карда шудааст.
Фирдавс Шарифзода дар баробари дастовардҳои ноил гардида, ҳамчунин таваҷҷуҳи масъулинро ба масъалаҳои ҳалталаби маҳаллаи “Мевағул” ҷалб намуда, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки баҳри рафъи он камари ҳиммат басда, дар якҷоягӣ Ватани маҳбубамонро ободу хуррам намоем.
Таваҷҷуҳи асосӣ оид ба ободонии маҳаллаҳо, пешгирии зиёдаравӣ дар тӯю маъракаҳо, маърифати оиладорӣ, тарбияи ҷавонон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, ҷилавгирӣ аз ҷинояткорию қонуншиканиҳо ва ғайра карда шуд.
Сардори шуъбаи шаҳрии дар шаҳри Хуҷанд будаи Раёсати Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд, Меъроҷиддин Салимов дар баромади худ оид ба гаравидани шаҳрвандон, бахусус наврасону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракати экстремистию террористӣ, пешгирии фарҳанги бегона, ҷинояткорӣ ва ғайраҳо андешаронӣ намуда, аз ҷумла афзуд, ки зуҳуроти ташвишоваре, ки имрӯз як идда ҷавонони зудбовару гумроҳро фаро гирифтаву сӯи зулмот ва бераҳмиву ҷаҳолат мебарад, ин бо ҳар роҳу усул шомилшавӣ ба ҳизбу созмонҳои хусусияти экстремистидошта, гурӯҳҳои ҷангҷӯю тундрав мебошанд, ки имрӯз мусибати гаронеро ба сари мардум оварда, оромиву суботи ҷомеаро халалдор месозанд.
Сипас муовини аввали прокурори шаҳри Хуҷанд Муҳаммадшоҳ Гулзода баромад намуда, аз ҷумла доир ба самаранок истифодабарии нерӯйи барқ изҳори андеша намуд. Таъкид шуд, ки танзими ҳуқуқии соҳаи энергетика ҳамчун воситаи асосии ба низом даровардани муносибатҳои байни ширкатҳои таъминкунандаи барқ ва истеъмолкунандагон хизмат мекунад. Бе мавҷудияти қонунгузории возеҳ ва ҷорӣ намудани ҷавобгарии ҳуқуқӣ, мубориза бо қонуншиканиҳо, мисли истифодаи худсарона, дуздӣ ва исрофи нерӯи барқ душвор мегардад. Дар шароити рушди босуръати иқтисоди миллӣ, истифодаи оқилонаи нерӯи барқ ва ҳифзи манфиатҳои шабакаҳои барқӣ, давлат ва аҳолӣ танҳо тавассути танзими мукаммали ҳуқуқӣ имконпазир аст. Санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ бояд на танҳо маҳдудсозанда, балки ҳидоятгару танзимкунанда бошанд, ки шаффофият, адолат ва масъулиятро дар тамоми сатҳ таъмин намоянд. Аз ин рӯ, зарурати танзими ҳуқуқии соҳаи энергетика на танҳо бо назардошти ҳолатҳои қонуншиканӣ, балки ба хотири таъмин намудани рушди босубот, ҷалби сармоягузорӣ ва эътимоди ҷомеа ба низоми энергетикӣ ба миён меояд. Қонунгузории муосир ва муассир бояд ҷавобгӯи талаботи замон ва эҳтиёҷоти рушди кишвар бошад. Бо мақсади ба низом даровардани муносибатҳои ҳуқуқӣ дар соҳаи истифодаи нерӯи барқ ва ҷилавгирӣ аз қонуншиканиҳои афзоянда, ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тағйиру иловаҳо ворид карда шуданд. Махсусан дар моддаи 382, барои содир намудани амалҳои ғайриқонуние мисли истифодаи барқ бе ҳисобкунак, худсарона пайваст шудан ба шабакаҳо, дахолати ғайриқонунӣ ба таҷҳизоти ченкунӣ ва шикастани пломбаҳо, ҷазоҳои ҷиддӣ муқаррар шудаанд. Акнун шаҳрвандон, шахсони мансабдор ва ҳуқуқӣ дар сурати содир кардани чунин кирдор ба ҷавобгарии маъмурӣ бо ҷаримаҳои калон ҷалб мегарданд.
Дар баробари ин, қонунгузори ҷиноятӣ низ пурзӯр карда шуд. Тибқи тағйироти воридшуда ба моддаи 253-и Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон, агар шахс баъд аз ҷазои маъмурӣ боз ҳам чунин қонуншиканиро такрор намояд — аз ҷумла дахолати беруна ба ҳисобкунак, тағйири нишондоди он ё истифодаи ғайриқонунии барқ ин амал акнун ҳамчун ҷиноят ҳисобида мешавад. Барои чунин кирдорҳо ҷаримаҳои калон ва ҳатто маҳрум сохтан аз озодӣ ба муҳлати то се сол пешбинӣ гардидааст.
Дар ҷараёни мулоқот сокинони маҳаллаи “Мевағул” доир ба мушкилоти ҷойдоштаи маҳал, раванди корҳои ободонию созандагӣ ва масоили матраҳгардида назари хешро баён дошта, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки дар ободонии маҳалли зист бетараф набошем.
Ҳар як сокини шаҳр пеш аз ҳама хонаю дар, кӯча ва маҳаллаи худро обод намояд, то ин ки дар маҷмуъ шаҳри Хуҷанди бостонӣ зебою мунаввар мегардад.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...