06 Май 2025
Имрӯз дар гимназияи №1 ба номи Раҳим Ҷалили шаҳри Хуҷанд бахшида ба ҷашни пуршарафи 80-солагии Ғалаба чорабинии тантанавӣ баргузор гардид.
Чорабинии идона бо маросими гулчанбаргузорӣ дар назди лавҳаи ёдгории қаҳрамонони ҷанги Бузурги Ватанӣ оғоз гардид. Омӯзгорону хонандагон ва меҳмонони расмӣ бо эҳтиром ва қадршиносӣ хотираи шаҳидони ин ҷанги хонумонсӯзро пос дошта, бо гулчанбар ва гулдастаҳо изҳори эҳтиром намуданд.
Дар идома, дар толори муассиса ҷамъомади бошукӯҳ таҳти унвони "Хотира ҷовид аст" баргузор шуд. Дар он раиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд Мунзифа Ҷабборӣ ва директори гимназияи №1 Манзура Муинзода, инчунин омӯзгорону хонандагон ва падару модарони хонандагон иштирок намуданд.
Мунзифа Ҷабборӣ дар суханронии худ таъкид намуд, ки сулҳу суботи имрӯза ва зиндагии осоиштаи мардум мероси арзишманди наслҳои ҷангдида аст, ки бо ҷонфидоӣ ва қаҳрамонии худ ин пирӯзии бузургро таъмин намуданд. Ӯ афзуд, ки насли нав бояд рӯҳияи ватандӯстӣ ва сабақҳои таърихро омӯхта, дар таҳкими Истиқлол ва ваҳдати миллӣ саҳмгузор бошанд.
Сипас, директори гимназия Манзура Муинзода баромад намуда, қайд кард, ки баргузории чунин чорабиниҳо ба эҳёи хотираи таърихӣ, баланд бардоштани ҳисси ифтихори миллӣ ва арҷгузорӣ ба қаҳрамониҳои гузаштагон мусоидат менамояд. Ӯ изҳор дошт, ки омӯзгорону хонандагони муассиса дар заминаи дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста барои тарбияи ватандӯстонаи насли наврас кӯшиш ба харҷ медиҳанд.
Дар қисми фарҳангии чорабинӣ хонандагони болаёқат бо шеъру сурудҳои ватандӯстона, саҳнаҳои намоишӣ ва иқтибосҳо аз ёддоштҳои иштирокчиёни ҷанг хотироти таърихиро зинда нигоҳ доштанд. Ин барномаи фарҳангӣ бо эҳсоси баланди ифтихор ва муҳаббат ба Ватан ба ҳозирин таассуроти амиқ бахшид.
Ҳамзамон, дар саҳни гимназия гӯшаи намоишии “Хотираи абадӣ” бо аксҳо, лавҳаҳои таърихӣ ва ашёи марбут ба давраи Ҷанги Бузурги Ватанӣ ташкил карда шуд.
Чорабинӣ дар фазои тантанавӣ, бо рӯҳияи баланди ватандӯстӣ ва садоқат ба арзишҳои таърихиву миллӣ анҷом пазируфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд