06 Май 2025
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо ҷараёни корҳои бунёдкорию созандагӣ ба муносибати 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр боздид намуд.
Шаҳрдор дар ҷараёни боздид аз раванди биноҳои баландоёнаи хиёбони Исмоили Сомонии маҳаллаи “Суғдиён”, хиёбони Раҳим Ҷалил ва кӯчаи Сирдарё шинос гардида, ба масъулини сохтмон ва соҳибони иншоот ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо, бунёди иншоот тибқи нақшаи пешбинишуда,истифодаи масолеҳи ватанӣ дастуру супоришҳо дод.
Бояд қайд намуд, ки мувофиқи нақша чорабинии 35 солагии Истиқлоли давлатӣ дар шаҳри Хуҷанд сохтмон, азнавсозӣ ва таъмиру таҷдиди 950 иншоотҳои ҳаётан муҳими ба нақша гирифта шуда, то имрўз 823 адади онҳо бунёд карда шудааст, ки он нисбат ба нақшаи умумии пешбинишуда 87 фоизро ташкил медиҳад. Аз миқдори умумии иншооти бунёдшуда, 98 адади он ба соли ҷорӣ рост омада, аз онҳо 26 иншоот дар соҳаи саноат, 2 иншоот дар соҳаи тандурустӣ, 3 иншоот ба дар соҳаи варзиш, 39 иншоот дар соҳаи савдою хизматрасонӣ, 27 бинои истиқоматӣ бунёд, таъмиру таҷдид ва азнавсозӣ карда шуда, мавриди истифода қарор дода шуданд.
Бояд зикр намуд, ки дар кӯчаи Сирдарёи шаҳри Хуҷанд якчанд иншооти сайёҳӣ бунёд шуда истодааст, ки аллакай таваҷҷуҳи сайёҳон ба он ҷалб гардидааст. Миқдори зиёди гардишгарон дар ҳудуди шаҳр ба мушоҳида мерасад.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо якчанд нафар сайёҳон аз Федератсияи Русия суҳбати сарироҳӣ анҷом дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд