06 Май 2025
Бо ҳидоят ва дастгириҳои пайвастаи Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо корҳои созандагиву бунёдкорӣ дар тамоми гӯшаву канори кишвар вусъати тоза гирифтааст.
Дар ин раванд дар шаҳри Хуҷанд низ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёди садҳо иншооти гуногун идома дорад. Яке аз чунин иншоот Боғи фарҳангию фароғатии “Ғалаба” мебошад, ки бо тарҳу ороиши хос навсозӣ карда мешавад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни боздид аз ҷараёни корҳои сохтмонӣ, ки айни замон оғоз шудааст, ба масъулин ҷиҳати бо сифати баланд ба анҷом расонидани корҳо тавсияҳо дод.
Боғ дар соҳили дарёи Сир ҷойгир буда, беш аз 6 гектар масоҳат дорад. Дар доираи навсозӣ дар боғ як қатор иншооти муосири фароғатӣ, аз ҷумла фаввораҳои замонавӣ, катҳои истироҳатӣ, чархофалак ва аттраксионҳо барои кӯдакон сохта ва насб карда мешаванд. Ҳамчунин, сафолакпӯшии роҳравҳо, сабзкориву гулкорӣ, панҷарабандии атрофи боғ, ороиши ҷӯйборҳо бо сангҳои табиӣ ва насби чароғҳои равшанидиҳанда дар назар аст.
Боғ дар яке аз маҳаллаҳои серодами шаҳр ҷойгир буда, бо анҷоми навсозӣ ба як макони замонавиву ҷолиби сайру саёҳат барои сокинон ва меҳмонони дохиливу хориҷӣ мубаддал хоҳад гашт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд