05 Май 2025
Ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд корҳои ободониву бунёдкорӣ вусъат меёбад.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар соҳили рости дарёи Сир бо раванди азнавсозии роҳраву истироҳатгоҳи шафати он шинос гардид.
Тавре иттилоъ дода шуд, бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд роҳрави соҳили дарёи Сир азнавсозӣ карда шуда, ин мавзеъ ба минтақаи истироҳатии замонавӣ табдил дода мешавад.
Аллакай аз пули хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр то пули «Ҷашнӣ» ба дарозии 2 км ва паҳноии 8 метр роҳрав бунёд шуда, дар шиногоҳ ва роҳрав таҷҳизоти муосири варзишӣ барои обутоби бадан, нишастгоҳҳо гузошта шудаанд ва ҳамарӯза хусусан шабонгоҳ ҳазорҳо нафар сокинон ва меҳмонони шаҳри Хуҷанд аз он истифода намуда истодаанд.
Алҳол раванди корҳо аз пули хиёбони Исмоили Сомонии шаҳр то гардиши 8-12 бомаром идома дорад.
Раиси вилоят ба масъулин барои татбиқи лоиҳа ва бо сифати баланд иҷро намудани корҳо супоришҳои мушаххас дод.
Таъкид гардид, ки соҳили дарё ҳамеша макони дӯстдоштаи сокинон ба ҳисоб меравад ва бо назардошти ин бояд минтақаи истироҳатӣ ба талаботи рӯз ҷавобгӯ бошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд