05 Май 2025
Дар МТМУ №14-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 80 солагии Иди ғалаба бо иштироки намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр, меҳмонону маъмурияти муассиса ва муҳассилин чорабинии тарбиявӣ баргузор шуд.
Хонандагон аз саҳифаҳои ҶБВ солҳои 1941-1945 ёдоварӣ намуда, қаҳрамониҳои абармардони ватанро дар ҳифзи Ватан намоиш доданд. Таъкид шуд, ки нуҳуми май барои мардуми мо санаи ёдоварӣ аз муборизаи фидокоронаи фарзандони Тоҷикистон дар ҷабҳаҳои ҷанг, пос доштани хотираи неки онҳое, ки дар майдони набард ба ҳалокат расидаанд ва арҷгузорӣ ба заҳмати халқамон мебошад, ки дар ақибгоҳ чандин сол барои таъмин намудани ғалаба аҳлона кор кардаанд.
Аз якуним миллион нафар аҳолии Тоҷикистон дар соли 1941 беш аз 300 ҳазор нафар – бист фоизи сокинони ҷумҳурии мо, яъне қувваи асосии корӣ ба майдони ҷанг сафарбар гардида, беш аз сад ҳазор нафари онҳо ба ҳалокат расидаанд, ки номи нек ва корномаи онҳо дар саҳифаҳои таърихи халқамон абадан сабт гардидааст. Хотиррасон менамоям, ки дар он солҳо заҳмату машаққати ақибгоҳ асосан бар дӯши кӯдакону наврасон ва занону пиронсолон монда буд. Онҳо дар шароити бисёр вазнин ва бо вуҷуди маҳрумияту машаққатҳои сангин фидокорона заҳмат кашида, ҳам мардуми кишварро бо маводи ғизоӣ таъмин карданд ва ҳам дар таъминоти муҳофизони озодии халқҳо саҳми арзишманд гузоштанд.
Ба ин маънӣ, фаъолияти мардуми мо дар он солҳои ниҳоят вазнину душвор барои наслҳои имрӯза намунаи ибрат ва сабақи зиндаи заҳмати софдилона мебошад.
Намояндаи шуъбаи маорифи шаҳр ва меҳмонон ба сатҳи баргузории чорабинӣ баҳои баланд дода, хонандагонро баомӯзиши амиқи илму ҳунар ва дӯст доштани сарзамини аҷдодии хеш даъват намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд