05 Май 2025
Субҳи имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бо раванди бунёди бинои инноватсионии назди Беморхонаи клиникавии шаҳрии №1-шаҳри Хуҷанд аз наздик шинос шуд.
Иттилоъ дода шуд, ки аз 7 ошёна иборат буда, барои 260 кат пешбинӣ гардидааст. Фармоишгари иншоот Идораи сохтмони асосии шаҳри Хуҷанд буда, он дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёд мегардад,пудратчии сохтмон ширкати “Хушофар” мебошад. Алҳол корҳои сохтмонӣ дар ошёни якуми бинои мазкур бомаром идома дорад.
Фирдавс Шарифзода зимни суҳбат бо сохтмончиён афзуд, ки бунёди бинои иловагӣ дар доираи таваҷҷуҳи Ҳукумати ҷумҳурӣ ба соҳаи тандурустӣ, ба талаботи замони муосир мутобиқ гардонидани шароити муассисаҳои тиббӣ бо маблағгузории Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд амалӣ шуда, то ҷашни 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба анҷом хоҳад расид.
Дар бинои инноватсионии беморхона усулҳои муосири табобату ҷарроҳӣ бо истифода аз технологияи муосир ба роҳ монда хоҳад шуд. Табибон метавонанд бо истифода аз ин шароитҳо қабули беморон ва хизматрасониҳоро дар сатҳи баланд ба роҳ монанд ва ба ин васила муроҷиати беморон ба хориҷи кишвар бамаротиб кам гардад.
Раиси шаҳр ба масъулин ҷиҳати босифат анҷом додани корҳо дастуру супоришҳо дод.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд