03 Май 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар МТМУ №15-и шаҳри Хуҷанд бахшида ба 80 солагии Иди Ғалаба чорабинии мактабӣ таҳти унвонӣ «Сари таъзим ба мардони шуҷоъи Ватан» баргузор гардид, ки дар он намояндагони шуъбаи маориф, ҷанговарони интернатсионал ва омӯзгорону хонандагони ин муассисаи таълимӣ фаъолона иштирок намуданд.
Таъкид шуд, ки субҳи 22 июни соли 1941 Германияи фашистӣ бо Кувваи зиёди ҳарбӣ: 5,5 млн. аскар, ки иборат аз 190 дивизия буд, ба ИҶШС ҳуҷум овард. Дар як вақт Германия фашистӣ дар тӯли зиёда аз 3000 км сарҳадро вайрон карда, ба хоки ИҶШС 5,5 млн. аскар, 3712 танк. 4950 тайёраҳои ҷангӣ 47260 тӯп ва миномётҳоро ба кор даровард. Германияи фашистӣ ният дошт, ки дар муддати то 2 моҳ қӯшунҳои Шӯравиро шикаст диҳад. Ҳамаи халқҳои ИҶШС ва Артиши Сурхи қаҳрамони он аз дақиқаҳои аввали ҷанг ба ҷанги тан ба тану барои ҳаёту мамот бархостанд. Дар тамоми хати набардҳо аз баҳри Балтика то Сиёҳ қӯшунҳои шӯравӣ ба ҷанг даромаданд. Дар байни онҳо тоҷикон ҳам буданд. Ибтидои ҷанг, ки моҳҳои июн-октябри соли 1941-ро дар бар мегирад, қӯшунҳои шӯравӣ ҷангҳои мудофиавӣ намуда аз сабаби нобаробарии қувва ҷангкунон қафо менишаст. Ҷангҳои калон ва қаҳрамонона дар ин муддат дар Брест, Вилнюс, Смоленск, Киев, Одесса ва Севастопол ва ғайраҳо шуданд. Ҷанговарони тоҷик Акобир Маҳмудов, Маҳмадҷон Абдувалиев, Шукур Раҳмонов ҷангро дар Брест ооз намуда қаҳрамонона ҳалок гардидаанд. Аз рӯзҳои аввали ҷанг Мирзоев Н.И. дар Украинаи ғарбӣ; Эргаш Саидов, Э.Рӯзиев, Ҳ.Кенҷаев (баъд Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ), М.Олимҷонов дар Белорус; Мухтор Ёров дар Назди Балтика; Бобиев Мирзоалӣ дар Қрим; А.Ҳоҷибоев дар соҳили Неман меҷангиданд. Ҷангномаи ҳамаи номбаршудагон дар таърихи ибтидои ҷанг сабт аст.
Хонандагони муассисаи таълимии №15 бо шеъру суруд ва таронаву саҳначаҳои ҷолиб дар васфи посдории Ватан мардонагию шуҷоатмандӣ табъи ҳозиринро болида намуданд.
Директори МТМУ №15-и шаҳри Хуҷанд Заррина Ёрматова, чорабиниро натиҷагирӣ намуда, таъкид дошт, ки пос доштани Ватан, ҳифзи ҳимояи он, содиқ ба миллату Давлат вазифаи ҷонии ҳар як шаҳрванд аст. Маҳз қаҳрамонию шуҷоати бобоёнямон буд, ки мо дар фазои амну осоиштагӣ умр ба сар мебарем. Шукронаи ин сарзамин ва тинҷию Ваҳдати миллӣ намуда, бо хонишу ахлоқи намунавӣ номбардори кишвари худ бошем.
Сипас ба як қатор фаъолон сипосномаҳо тақдим гардид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







