03 Май 2025
Дар МТМУ№23-и шаҳри Хуҷанд баҳри дар амали татбиқ намудани дастуру супоришҳои Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар самти нишондодҳои "Бистсолаи
омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ дар соҳаи маориф барои солҳои 2020-2040», Барномаи давлатии такмили таълим ва омўзиши забонҳои русӣ ва англисӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2030 байни хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимии шаҳр аз фанҳои математика, забони давлатӣ, забони англисӣ, забони русӣ ва табиатшиносӣ олимпиадаи фаннӣ баргузор гардид.
Дар даври ниҳоии олимпиада, 246 нафар ғолибони даври мактабӣ иштирок намуданд.
Бояд қайд намуд, ки дар даври мактабии олимпиадаи синфҳои ибтидоӣ 3145 нафар хонадагони синфҳои 1-4 фаъолона иштирок доштанд.
Олимпиадаи мазкур дар шаҳри Хуҷанд аз соли 2018 гузаронида мешавад ва ҳадафи он дарёфти истеъдодҳои нав ва минбаъд тарбияву омода намудани онҳо ба олимпиадаҳои вилоятию ҷумҳуриявӣ мебошад.
Дар ҷараёни баргузории олимпиада намояндагони шуъбаи маорифи шаҳр иштирок намуда, таъкид доштанд, ки ҳадафи асосии мо пеш аз ҳама баланд бардоштани шавқу ҳаваси хонандагони синфҳои ибтидоии муассисаҳои таълимӣ ба ҳисобдонӣ, муайян намудани хушзеҳнӣ, қобилияти фикрронӣ, дараҷаи саводнокӣ, дарёфт намудани хонандагони қобилиятнок, ташаккули маърифати омӯзиши илмҳои дақиқ ва табиатшиносӣ, таваҷҷуҳ ба забономўзӣ, ҷалб ва омода намудани хонандагони болаёқат барои иштирок дар олимпиадаҳо мебошад.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







