02 Май 2025
Бо мақсади пуршукӯҳ ҷашн гирифтани Рӯзи ҷавонон санаи 3-юми майи соли равон дар шаҳри Хуҷанд Дави BACKYARD ULTRA TAJIKISTAN KHUJAND 2025 бо иштироки варзишгарони касбӣ баргузор мешавад.
Дави BACKYARD ULTRA TAJIKISTAN KHUJAND 2025 аз назди Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Камоли Хуҷандӣ оғоз гардида, ба воситаи хиёбони ба номи Раҳмон Набиев, пули «Ҷашнӣ», соҳили рости дарёи Сир, кўчаи Сирдарё ва пули мошингузари хиёбони Исмоили Сомонӣ идома меёбад.
Дар Дави BACKYARD ULTRA TAJIKISTAN KHUJAND 2025 иштироки беш аз 150 варзишгарон аз якчанд кишварҳо, аз ҷумла Амрико, Канада, Покистон, Британияи Кабир, Русия, Ӯзбекистон ва ғайраҳо пешбинӣ гардидааст.
Ғолибонро тӯҳфаҳои хотиравӣ интизор аст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд







