(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Маркази фарҳанги шаҳри Хуҷанд маҳфили адабии нависандаи номвари тоҷик, барандаи мукофоти ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Ҷоизаи адабии ба номи Раҳим Ҷалил, Аълочии маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Муқим Воҳид бахшида ба 35 солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 55 солагии фаъолияти эҷодиаш таҳти унвони “Шукӯҳи Истиқлоли Ватан” баргузор шуд.

Маҳфилро Раиси бахши суғдии Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон, Шоири халқии Тоҷикистон Аҳмадҷони Раҳматзод ифтитоҳ намуда, иттилоъ дод, ки Муқим Воҳид 9-уми апрели соли 1950 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст.
Баъди хатми мактаби миёна, соли 1967, вориди факултаи таъриху филологияи Донишкадаи давлатии педагогии Хуҷанд гашта, соли 1971 ба итмом расондааст. Фаъолияти омӯзгориро моҳи августи соли 1971 дар мактаби миёнаи №1 шаҳраки Табошар (ҳозира Истиқлол) оғоз намудааст. Аз моҳи ноябри соли 1972 то даъват шуданаш ба хизмати ҳарбӣ дар рӯзномаи вилоятии «Ҳақиқати Ленинобод» мусаҳҳеҳӣ кардааст.
Фаъолияти адабиаш аз ҳамон сол оғоз ёфта, ҳикояҳояш муттасил дар рӯзномаҳои «Ҳақиқати Ленинобод», «Ленинабадская правда», «Бо роҳи Ленинӣ», «Маориф ва маданият» ва «Газетаи муаллимон» ба дасти чоп расидаанд. Соли 1991 қиссаи нахустини ӯ «Оби зулол» аз ҷониби нашриёти «Адиб» интишор ёфтааст. Соли 2003 китоби дувуми худ «Ашки ишқ», соли 2008 маҷмӯаи қиссаву ҳикояҳои «Дунёи бевафо»-ро манзури хонандагон гардондааст.
Аз соли 1992 дар Литсейи физикӣ-математикии №1 ба номи академик М.Осимии шаҳри Хуҷанд омӯзгорӣ ва маҳфили «Адибони ҷавон»-ро роҳбарӣ мекунад.
Ҳамзамон, солҳои зиёдест, ки масъули филиали Хуҷанди Академияи хурди илмҳои Тоҷикистон мебошад.
Соли 1994 ба узвияти Иттифоқи нависандагони Тоҷикистон пазируфта шудааст.
Сипас, Тоҷибой Султонзода, мудири шуъбаи рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеаи дастгоҳи Раиси вилоят ва Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд номаҳои табрикотии Роҳбарияти вилояти Суғд ва шаҳри Хуҷандро ба соҳибмаҳфил расонданд.
Таъкид шуд, ки ҳар як фарди солимфикру нексиришт нависандаи маҳбуб-Муқим Воҳидро ҳамчун шахси инсондӯсту зафарпеша, марди халиму меҳрубон, донишманду кордон мешиносад ва арзи сипос менамоянд. Зеро эҷодиёти мавсуф байни хосу ом, адибон ва кулли зиёнён сазовори эҳтиром гардидааст.Чакидаҳои хомааш ҳамчун адиби маҳбуб арзишҳои волои маънавӣ, инсонгароӣ, ватанпарварӣ ва табиатдӯстиро ситоиш намуда, мардумро барои дӯст доштани ҳаёт, бовар кардан ба ишқ ва садоқат ба халқу миллат даъват мекунад. Ашъори баландмазмунаш таронаи шукронаи неъмати бебаҳои Истиқлол аст.
Зикр шуд, ки саҳми мавсуф дар соҳаи маориф ва тарбияи насли наврас хеле калон буда, шогирдонатонро дар руҳияи инсондӯстӣ, меҳнатдӯстӣ, ватанпарварӣ, муҳаббату садоқатманди ба Ватану халқ тарбия намудаанд.
Дар маҳфил адибон, ҳамкорон ва шогирдони Муқим Воҳид баромад намуда, доир ба паҳлӯҳои гуногуни эҷодиёти нависанда изҳори андеша намуданд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...