23 Апрел 2025
Имрӯз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода аз вазъ ва ҳолати мумфаршкунии роҳи дохилимаҳаллавии микроноҳияи 33 аз наздик шинос гардид.
Иттилоъ дода шуд, ки беш аз 20 сол инҷониб роҳи аз самти Боғи фарҳангӣ-фароғатии ба номи Абӯмаҳмуди Хуҷандӣ байни хонаҳои баландошёнаи "34, 34 "а" ва 62, 62 "а" 62 "б" 64 то кӯчаи 30 солагии Ғалаба рӯи таъмирро надида буд.
Бо дастури шаҳрдорӣ он ба масофаи беш аз 600 метр мумфарш карда мешавад. Ҳамчунин бо иқдоми сокинони маҳаллаҳо ҳудуди биноҳои баландошёнаи ин микроноҳия низ мумфарш мегардад.
Раиси шаҳр ҳамчунин аз раванди корҳои бунёдкорӣ ва ободонӣ дар дохили микроноҳияи 19 -и шаҳри Хуҷанд аз наздик шинос шуд. Дар ин микроноҳия низ майдончаҳои хурди бачагона бунёд ва ба истифода дода шудааст, ки дар он ҳамарӯза наврасони биноҳои баландошёна машғули бозӣ мебошанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд