(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори прокуратураи шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр баргузор гардид. Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода ҷаласаро ҳусни оғоз намуда, иттилоъ дод, ки дар ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр аъзоёни Шӯро, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, роҳбарони сохторҳои дахлдори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, раисони кумитаи маҳаллаҳо, нозирони минтақавӣ, роҳбарони муассисаҳои таълимӣ, имомхатибони масоҷид ва дигар шахсони масъул ҳузур доранд.

Раиси Шӯро Бахтиёр Нозимзода зикр дошт, ки дар ҷаласа ҳолати иҷрои Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо терроризм”, “Дар бораи муқовимат ба экстремизм” ва “Стратегияи муқовимат бо терроризм” ва экстремизм барои солҳои 2021-2025” мавриди баррасӣ қарор дода мешавад.
Таъкид шуд, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани Истиқлолияти давлатӣ ба марҳилаи нави инкишофи таърихи бунёди давлати соҳибихтиёр, демократӣ, ҳуқуқбунёд, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ворид гардида, баҳри таҳкими ваҳдати миллӣ ва сулҳу суботи комил дар кишвар тамоми соҳаҳои фаъолияти ҳаёти давлативу ҷамъиятиро сафарбар менамояд. Дар ҳаёти ҷомеаи ҷаҳонӣ имрӯзҳо хатару таҳдидҳои амнияти глобалӣ қарор доранд, ки моро ба дарёфти равишҳои нави муқовимат ба онҳо водор месозад. Дар ҷаҳони муосир равандҳо ва зуҳуроте вуҷуд доранд, ки на ба як кишвар ва ё як минтақа, балки ба тамоми кишварҳои ҷаҳон ва дар маҷмӯъ ба кулли мардумони сайёра таҳдид мекунанд. Яке аз чунин зуҳуроти номатлуб, ки тамоюли паҳншавиро дар ҳама минтақаҳои олам дорад, терроризм ва экстремизм мебошад, ки боиси таваҷҷуҳи ҳаматарафаи созмону ташкилотҳои байналмиллалӣ ва давлатҳои ҷаҳон гардидааст.
Сипас, Муҳаммадшоҳ Гулзода, муовини аввали прокурори шаҳри Хуҷанд, баромад намуда, иттилоъ дод, ки прокуратураи шаҳр роҷеъ ба вазъи риоя ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат ба терроризм”, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи муқовимат бо экстремизм” Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025, фаъолияти мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр дар самти пешгирӣ ва ошкоркунии қонунвайронкуниҳо, алалхусус ҷиноятҳо таҷрибаи тафтишотию судии ҷиноятҳои террористию экстремистӣ дар солҳои 2023-2024 –ро мавриди санҷиш, таҳлил ва ҷамбаст қарор дод.
Таъкид шуд, ки терроризм ва экстремизм вожаҳои нав набуда, дар таърихи инсоният садсолаҳо қабл арзи ҳастӣ намудааст ва дар замони муосир он хусусияти гуруҳиро ба худ касб кардааст, ки асосан ба истифодаи зӯроварии гуруҳҳо ва бо ташкили ҳизбҳои манфиатҷӯ муқобили давлат - ҳамчун субъекти сиёсӣ баромад намуда, аз дигар тараф хатари таҳдиду зӯровариро нисбати аҳолии осоишта ба амал мебарорад.
Пӯшида нест, ки дар раванди ҷаҳонишавӣ ва бархӯрди тамаддунҳо вазъият дар баъзе манотиқи кураи замин, бахусус мамлакатҳои мусалмоннишин ба таври куллӣ тағйир ёфта, ҷангу хунрезиҳо мушоҳида карда мешаванд ва ин гуруҳҳои террористӣ барои анҷоми амалҳои ваҳшиёнаи хеш ба мазҳабу дин такя мекунанд, вале куштору ғоратгарӣ, ваҳшоният, хунрезӣ, одамрабоӣ ва хатарэҷодкунӣ нисбати аҳолии осоишта бо арзишҳои динӣ, бахусус дини мубини Ислом алоқамандие надоранд. Дар ин замина метавон гуфт, ки имрӯз дасти терроризм ба оромтарин манотиқ ва кишварҳои пурқудрати ҷаҳон расида, барои мақомоти амнияти он мушкилиҳо эҷод намуда истодааст.
Қайд кардан ба маврид аст, ки асосҳои ҳуқуқӣ ва ташкилии мубориза бар зидди терроризму экстремизмро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи мубориза бар зидди терроризм”, “Дар бораи мубориза бар зидди экстремизм”, “Стратегияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф кардааст, муайян менамоянд.
Стратегия самтҳои асосии сиёсати давлатӣ оид ба пешгирии шомилшавии шаҳрвандон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротӣ, таҳлили омилҳо ва тамоюлҳои экстремизм ва тундгароии ба терроризмбаранда ва мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм муайян гардида, он бо роҳи муттаҳид намудани тадбирҳои мақомоти давлатӣ, мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ, ниҳодҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва созмонҳои минтақавию байналмилалӣ ва баланд бардоштани самаранокии ҳамкориҳои мақомоти ваколатдор дар соҳаи пешгирӣ ва мубориза бо экстремизм ва терроризм ба амал бароварда мешавад.
Муҳаммадшоҳ Гулзода, муовини аввали прокурори шаҳри Хуҷанд дар баромади худ доир ба иҷрои бандҳои Стратегия дар мақомоти марбутаи шаҳр маълумоти муфассал ироа намуд.
Сипас, доир ба корҳои анҷомшуда Аваз Азиззода, сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд, Ҷамшед Набизода, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд, Ҳоҷӣ Ҳусайн Мӯсозода, раиси Шӯрои уламои дини вилоят ва дигар шахсони масъул маърӯза намуданд.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода зимни пурсиш ва вазифагузориҳо аз масъулин таваҷҷуҳи ҳозиринро ба иҷрои сифатноки “Стратегияи милии Ҷумҳурии Тоҷикистон оиди муқовимат ба экстремизм ва терроризм барои солҳои 2021-2025” ва дигар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқии миллӣ ва байналмиллалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, ҷалб намуда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки ҳар як банди Стратегия аз масъулин тақозо менамояд, ки фаъолиятро дар ин самт ҷоннок намоянд.
Дар ин самт аз ҷониби мақомоти давлатӣ, чораҳои пешгирии ҳам инфиродӣ ва ҳам умумӣ масъулияти тозаро тақозо менамояд.
Масъулини дахлдор бояд бо мақсади беҳтар намудани пешгуии вазъи динӣ, руҳия ва ҳолати равонӣ дар қишрҳои гуногуни ҷомеа, ҷиҳати муайян намудани дараҷа, сабаб ва манбаъҳои тундгароӣ мониторинг ва тадқиқоти сотсиологию равоншиносӣ мунтазам гузаронанд.
Аз маълумотномаи Раёсати молияи шаҳри Хуҷанд бармеояд, ки дар буҷети маҳаллии шаҳри Хуҷанд вобаста ба амалисозии “Стратегияи муқовимат ба экстремизм ва терроризм дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025” маблағҳо пешбинӣ нагардидааст, ки он барои иҷрои бандҳо мушкилӣ эҷод менамояд. Дар ин самт бояд бояд масъулин таваҷҷуҳи хосса зоҳир намоянд.
Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозӣ Бахтиёр Нозимзода роҳбарони муассисаҳои таълимиро ҷиҳати баланд бардоштани сатҳи таълиму тарбия, омода намудани наврасон дар руҳияи ватандӯстӣ, мубориза алайҳи бегонапарастӣ муваззаф намуд.
Раисони маҳаллаҳо, нозирони минтақавӣ, масъулини ҷавонон ва занон, имомхатибони масоҷиди шаҳр вазифадор карда шуданд, ки ҷиҳати таҳкими Ваҳдати миллӣ, неъматҳои Истиқлолият, дастоварди солҳои охир, даъват ба хизмати ҳарбӣ ва ғайраҳо корҳои тарғиботиро пурзӯр намуда, мавқеъи равшани худро дар ҷомеа муайян созанд. Тақвияти ҳамоҳангсозии ҳамкориҳо бо мақсади мубориза бар зидди терроризм ва экстремизм, ошкор ва пешгирӣ намудани фаъолияти таҳрибкоронаи ташкилотҳои террористиву экстремистӣ ба роҳ монда шавад. Ҳамагон дар якҷоягӣ нагузорем, ки нохалафе ба оромии ҳаёти осоиштаи мо халал эҷод намояд.
Дар анҷоми ҷаласа Раиси Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, прокурори шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Нозимзода баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки маҳз ба шарофати сиёсати бунёдкоронаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон кишвари биҳиштосои мо рӯз аз рӯз рушду тараққӣ менамояд.
Дар вазъи имрӯза ҷаҳон мубориза бар зидди терроризм ва экстремимизм, ки яке аз самтҳои афзалиятноки сиёсати давлатҳо, аз он ҷумла Ҷумҳурии Тоҷикистон маҳсуб меёбад, тамоми қувваҳои узви ҷомеаи ҷаҳониро барои таъмини амнияти минтақавӣ ва миллӣ равона месозад. Барои нигоҳ доштани сулҳу субот, зиндагии осоишта, ободию шукуфоӣ, арзишҳои миллӣ ва маънавии ҷомеаи соҳибистиқлоли ҷумҳурӣ мардуми тоҷик бояд дар атрофи Сарвари давлат мутаҳид гардида, кишвари азизи худро аз қувваҳои мухолифон дифоъ намоянд.
Аз ин рӯ, мо ҳамагонро зарур аст, ки дар навбати аввал ҳушёрии сиёсиро аз даст надода, барои такмили донишу маънавиёт ва андешаву афкори маънавии ҷавонон талош варзида, бо мусоидат дар худогоҳии маънавии худро роҳеро дар масири бунёди фардои озоду обод ва орӣ аз ҳар гуна ифротгароӣ ва асари номатлуби зуҳуроти дигар бунёд созем.
Прокурори шаҳри Хуҷанд Бахтиёр Нозимзода бо вазифагузориҳои мушаххас ба кори ҷаласаи Шӯрои ҳамоҳангсозии мақомоти ҳифзи ҳуқуқи шаҳр, ҳусни анҷом бахшид.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...