(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз моҳи шарифи Рамазон анҷом меёбад ва фардо иди сайиди Фитр, ки яке аз ойинҳои муқаддаси дини мубини ислом мебошад, фаро мерасад.


Ба ин муносибат ҳамаи шумо – мардуми шарифи Тоҷикистон ва ҳамватанони бурунмарзиамонро самимона табрик мегӯям.
Иди сайиди Фитр ҳар сол дар саросари мамлакат бо хурсандиву хушҳолии хурду бузурги мардум таҷлил мегардад, ки бозгӯи фазои орому осудаи кишвар ва эҳтироми мо ба арзишҳои дини мубини ислом мебошад.
Бояд гуфт, ки арзишҳои динӣ ҳамчун як ҷузъи муҳимми фарҳанги миллӣ барои таҳкими сулҳу субот ва осоишу оромии ҷомеа нақши муҳим доранд.
Ба иттиҳоду сарҷамъӣ, шукргузорӣ ва анҷом додани амалҳои хайр даъвату ҳидоят кардани мардум яке аз фазилатҳои иди сайиди Фитр мебошад.
Он на танҳо поёни моҳи шарифи Рамазон, балки дарбаргирандаи ҳикматҳои баланди ахлоқӣ ва инсондӯстии дини мубини ислом ба ҳисоб меравад.
Фазилати дигари иди сайиди Фитр аз он иборат аст, ки мардум бо дуову фотиҳа рӯҳи гузаштагони худро шод мегардонанд, аз ҳоли якдигар огоҳ мешаванд, ҳамдигарро ба роҳи рост ва эҳсонкорӣ дар ҳаққи ятимону маъюбон ва камбизоатҳову ниёзмандон роҳнамоӣ мекунанд.
Бузургии моҳи шарифи Рамазон, қабл аз ҳама, дар он аст, ки дар ин моҳ китоби муқаддаси Қуръон нозил шудааст.
Дар нахустин оятҳои ба Паёмбари ислом нозилшуда Худованд амр ба хондану навиштанро ҳамчун василаи ба даст овардани илм фармудааст.
Аз илмомӯзӣ оғоз гардидани чунин китоби бузург далели возеҳи мақому манзалати баланди илму дониш мебошад.
Илова бар ин, чандин ояти Қуръони карим мардумро ба дарки равандҳои ҳаёт аз нигоҳи ҷаҳонбинии илмӣ даъват мекунад.
Дар ҳақиқат, агар инсони ҷӯёи илму дониш ба дунё ва атрофи хеш бо диди илмӣ назар андозад, худро беҳтар мешиносад, нақшу ҷойгоҳ ва масъулияти инсонии хешро дар ҷомеа ва арҷгузорӣ ба неъматҳои зиндагӣ амиқтар дарк мекунад.
Беҳуда нест, ки дар яке аз ҳадисҳои Паёмбари ислом талаби илм барои ҳар марду зани мусулмон фарз дониста шудааст.
Кулли исломшиносон чунин мешуморанд, ки маънии Қуръон одобу ахлоқи ҳамида мебошад.
Аз ин нуқтаи назар, масъалаи тарбияи фарзандон, яъне наврасону ҷавонон дар аксари мулоқоту суханрониҳои ман таъкид мегардад.
Ба қавли Паёамбари ислом беҳтарин ҳадяи волидайн ба фарзанд тарбияи неку писандида аст ва агар шахсе фарзандашро хуб адаб омӯзад, беҳтар аз он аст, ки миқдори моле садақа диҳад.
Ҳамчунин, дар як ҳадиси Расули Худо омадааст, ки «фарзандонатонро эҳтиром гузоред, ононро хуб адаб омӯзед ва ахлоқу рафторашонро неку ислоҳ намоед».
Аз ҷумлаи анъанаҳои хубе, ки мардуми мо онро ба истиқболи иди сайиди Фитр анҷом медиҳанд, манзилу маҳалли зисти худро тозаву озода кардан, либоси тоза пӯшидан ва ҳамдигарро бо шодиву нишот табрик намудан аст.
Дигар анъана ва суннати неке, ки дар рӯзҳои ид анҷом дода мешавад, ба ниёзмандон хайру саховат кардан мебошад.
Вобаста ба ин, бори дигар хотирнишон месозам, ки фитри рӯза ва хайротро ба ятимону маъюбон, оилаҳои камбизоат ва беморону бепарасторон додан савоби бештар дорад, зеро чунин шахсон ба гирифтани ҳар гуна хайрот, аз ҷумла садақаи фитр дар навбати аввал ҳақдор мебошанд.
Офаридгор дар мавриди садақа додан мо – инсонҳоро таълим медиҳад, ки танҳо пайи нафси хеш набошем ва дар фикри якдигар бошем, зеро инсоният танҳо дар ҳамбастагӣ ва дастгирии ҳамдигарӣ саодатманд мегардад.
Ҳамватанони гиромӣ!
Яке аз бузургтарин ҳикматҳои моҳи шарифи Рамазон ва иди сайиди Фитр расидан ба қадри неъматҳо мебошад.
Бинобар ин, мо бояд хуб дарк намоем ва дар хотир дошта бошем, ки сулҳу субот ва ваҳдати миллӣ асоси ҳаёти орому осудаи ҳар як оила, ҳар як фарди ҷомеа ва шарти муҳимтарини рушду пешрафти кишвар мебошад.
Яъне сулҳу оромӣ, суботи сиёсӣ ва ваҳдати миллӣ гаронбаҳотарин неъмати зиндагии мо ба ҳисоб меравад.
Махсусан, дар шароити бесуботу буҳронии ҷаҳони муосир, ки истиқлолу озодӣ, сулҳу оромӣ ва суботи сиёсии сайёра таҳти хатари ҷиддӣ қарор гирифтааст, ҳар яки моро зарур аст, ки ба хотири боз ҳам таҳким бахшидани иттиҳоду сарҷамъии миллат ва амнияти давлату ҷомеа кӯшиш намоем ва барои ҳимояи неъмати бебаҳои зиндагиамон –истиқлоли давлатӣ ва дастовардҳои он ҳамеша омода бошем.
Мо – тоҷикон ҳамчун миллати фарҳангиву тамаддунсоз бояд шукрона кунем, ки соҳибдавлату соҳибватан ва соҳиби таърихи бостонӣ ҳастем.
Тоҷикистони соҳибистиқлолу маҳбуби мо узви комилҳуқуқи кулли созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва баробари тамоми кишварҳои дунё соҳиби як овоз мебошад, ҷомеаи ҷаҳонӣ ташаббусҳои онро дастгирӣ ва пуштибонӣ мекунад ва кишвари азизи мо имрӯз дар ҷодаи ободиву пешрафт қадамҳои устувор мегузорад.
Ҳамдиёрони азиз!
Худдорӣ намудан аз ҳама гуна зиёдаравию исрофкорӣ ва зоҳирпарастиву намоишкорӣ муҳимтарин вазифаи ҳар як бандаи муъмин дар ҳама ҳолат, аз ҷумла дар айёми ид мебошад.
Вобаста ба ин, зарурати риояи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим»-ро бори дигар таъкид менамоям.
Дар ҳоле ки ҷаҳон бо мушкилоти гуногуни иқтисодӣ, буҳронҳои молиявӣ, тағйирёбии иқлим ва оқибатҳои ногувори он, аз ҷумла камобиву хушксолии пайиҳам ва болоравии нархи маводи ғизоӣ рӯбарӯ гардидааст, мо бояд ба масъалаи истифодаи оқилонаи имкониятҳои моддиву молиявии худ муносибати ҷиддӣ дошта бошем.
Ба ҷойи зиёдаравию исрофкорӣ мо бояд имкониятҳои молиявии худро барои беҳтар намудани шароити зисту зиндагӣ, фароҳам овардани шароити беҳтар барои аҳли оилаву фарзандонамон ва таълиму тарбияи онҳо сарф намоем.
Ҳамчунин, рӯзҳои мусоиди баҳор ва фасли киштукорро самаранок истифода бурда, барои ҳосили фаровон ва боз ҳам беҳтар таъмин кардани бозори истеъмолӣ бо маҳсулоти кишоварзӣ заминаи устувор гузорем.
Бовар дорам, ки дар рӯзи мубораки ид ва минбаъд низ ҳар як шахси савобҷӯ ва хайрхоҳ барои анҷом додани амалҳои нек талош меварзад, нисбат ба дигарон, махсусан, ятимону маъюбон ва оилаҳои камбизоату ниёзманд муҳаббату ғамхорӣ зоҳир менамояд ва бо ин роҳ соҳиби савоби зиёд гардида, дар таҳкими иттиҳоду ҳамбастагӣ ва ваҳдати миллӣ саҳм мегузорад.
Мову шумо вазифадорем, ки барои пешрафти давлати соҳибистиқлоламон, ободии Ватанамон ва боз ҳам баланд бардоштани нуфузу обрӯи он дар арсаи байналмилалӣ тамоми саъю талоши худро ба харҷ диҳем.
Фаромӯш набояд кард, ки анҷом додани хайру саховат, дастгирии оилаҳои камбизоат, ятимону бепарасторон, сарфаю сариштакорӣ ва танзими маросиму маъракаҳо дар айни замон, риоя ва гиромидошти арзишҳои миллӣ, фарҳангӣ ва динии мо мебошад.
Дар ин раванд, мо бояд ба тарбияи насли наврас, тарғиби омӯзиши илму ҳунар ва омода кардани мутахассисони созандаву эҷодкор барои ояндаи давлати миллии соҳибистиқлоламон эътибори аввалиндараҷаву доимӣ диҳем.
Бори дигар, ҳамаи шумо – ҳамдиёрони азиз ва ҳамватанони бурунмарзиамонро бо фарорасии иди сайиди Фитр аз самими қалб табрик гуфта, ба ҳамаи шумо бахту иқболи баланд ва дили шоду хонаи обод орзу менамоям.
Иди сайиди Фитр муборак бошад, ҳамватанони азиз!


Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...
Шосаидов С. С. Шосаидов С. С. Шосаидов Саидакбар Саидқурбонович 10-уми октябри соли 1993 дар шаҳри Бўстон таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ мебошад. Баъди ха...