25 Феврал 2025
Дар доираи корҳои ободониву хуррамгардонӣ ва бо мақсади ҳифзи муҳити зист рӯзи 25 феврал дар боғ ва гулгаштҳои назди бинои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд маъракаи ниҳолшинонӣ баргузор гардид.
Дар маъракаи ниҳолшинонӣ Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, кормандони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят ва роҳбарияти шаҳри Хуҷанд ширкат варзида, беш аз 100 адад ниҳолҳои ороишиву ҳамешасабз шинониданд.
Аз ҷониби роҳбарият ва кормандон ниҳолҳои санавбар, ёс, туя, лавр, каштан ва арча шинонида шуданд, ки ҳар кадоми онҳо барои зебогии муҳити атроф ва беҳтар кардани вазъи экологӣ аҳамияти калон доранд.
Тибқи маълумоти масъулин аз оғози маъракаи ниҳолшинонӣ дар майдону гулгаштҳои назди бинои мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят беш аз 750 бех ниҳолҳои гуногун шинонида шудааст. Ин нишон медиҳад, ки ба масъалаи ободонӣ ва сабзу хуррам намудани муҳити зист таваҷҷуҳи зарурӣ зоҳир мегардад.
Раиси вилоят Раҷаббой Аҳмадзода дар ҷараёни ниҳолшинонӣ ба масъулин дастур дод, ки барои тозаву озода нигоҳ доштани муҳити зист, кӯчаву хиёбонҳо, инчунин нигоҳубини дурусти дарахтон чораҳои зарурӣ андешанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд