24 Феврал 2025
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода дар шаҳри Хуҷанд ба сохтмони бинои нави муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии рақами 26 санги асос гузошт.
Бинои нави таълимӣ дар доираи корҳои ободониву созандагӣ ба истиқболи 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта шуда, барои таълиму тарбияи хонандагон шароити мусоид фароҳам оварда хоҳад шуд.
Бинои кунунии муассисаи таълимӣ дар асри 20 сохта шудааст ва бо назардошти зиёд шудани аҳолӣ зарурати бунёди бинои нав ба миён омадааст.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд