23 Феврал 2025
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода бахшида ба 32-юмин солгарди таъсисёбии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат ба қисми низомии 3501-и РВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон дар вилояти Суғд ва қисми ҳарбии 0235-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд ташриф оварда, сарбозону аскаронро аз номи Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон табрику таҳният гуфта, барояшон дастархони идона густурданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода зимни суханрониаш аз ҷумла афзуд, ки санаи 23 феврали соли 1993 барои ҷумҳурии соҳибистиқлоли мо рӯзи таърихӣ аст. Зеро маҳз аз ҳамон рӯз қадамзании музаффаронаи Артиши миллӣ оғоз гардид, ки бо ташаббусу ҳидояти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷараён гирифт. Артиши миллии мо дар шароити хеле ҳассоси пойдоршавии давлати мустақил ташаккул ёфта, аз рӯзи таъсисёбӣ чун рукни муҳими давлати тозаистиқлоли тоҷикон барои истиқрори сулҳу субот дар кишвар, ҳифзи истиқлолият ва якпорчагии давлати Тоҷикистон саҳм гузошт. Таи ин муддат афсарону сарбозон ва кулли хизматчиёни ҳарбӣ дарси мардонагию шуҷоатро азхуд намуда, соҳиби таҷрибаи бойи касбӣ шуданд.
Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон зодаи даврони истиқлолияти давлатӣ ва яке аз дастовардҳои муҳими он ба ҳисоб рафта, аз рўзҳои аввали таъсисёбӣ дар назди онҳо вазифаҳои муқаддасу пуршараф - ҳимояи соҳибихтиёрӣ, таъмини сулҳу субот, ҳифзи амнияти давлат ва ҷомеа гузошта шуданд. Ҳанўз 32 сол пеш ба дўши ҳайати шахсии Қувваҳои Мусаллаҳи мамлакат иҷрои вазифаҳое вогузор гардид, ки сарнавишти давлат, тақдири миллат ва сулҳу суботи кишвар аз ҳалли онҳо вобаста буд.
Имрўз мо ифтихор дорем, ки хизматчиёни ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳ аз уҳдаи иҷрои рисолати таърихии худ бо сарбаландӣ баромада, Давлат ва мардуми Тоҷикистон дар симои хизматчиёни Қувваҳои Мусаллаҳ ҳомиёни боэътимод ва муҳофизони далеру шуҷои марзу буми Ватанро мебинанд. Бо ғамхориҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон айни замон Артиши миллӣ қодир аст амнияти давлату миллат ва ҳифзи марзу буми Ватанамонро пурра таъмин намояд. Зеро, қудрату тавоноӣ ва омодагии комили Қувваҳои Мусаллаҳ дар ҳимоя, пешгирӣ ва мубориза бар зидди ҳамагуна хавфу хатар ва таҳдидҳо ҳам дар амал ва ҳам дар машқҳои низомӣ борҳо собит гаштааст. Мардуми соҳибистиқлоли Тоҷикистон бо Қувваҳои Мусаллаҳи хеш чун нерўи тавоно ва таъмингари осоиши ҳаёт ифтихор мекунад.
Иттилоъ дода шуд, ки ба муносибати Рӯзи Артиши миллӣ барои ҳайати қисмҳои низомӣ дастархонаи идона густурда шуда, дар ин рӯз барномаи фарҳангӣ низ пешкаш карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд