22 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар маҷлисгоҳи литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд тибқи нақша–чорабиниҳои муштараки мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, мулоқоти прокурори шаҳри Хуҷанд, мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода, иҷрокунандаи вазифаи раиси Суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷӯрахон ва муовини сардори ШКДАМҶТ дар шаҳри Хуҷанд Олимҷон Сабуров бо хонандагон ва омӯзгорони ин муассисаи таълимӣ баргузор гардид.
Шӯҳрат Ёқубӣ, директори литсейи касбии техникии сохтмонии шаҳри Хуҷанд мулоқотро ҳусни оғоз бахшида, иттилоъ дод, ки ҳадаф шарҳу тавзеҳи Паёми Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ мебошад.
Сипас, прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода баромад намуда, аз ҷумла афзуд, ки дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олӣ ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ таҳлилу баррасӣ гардида, дастовардҳо ва нақшаву дурнамои фаъолият ба таври мушаххас нишон дода шуданд. Муҳайё намудани ҳаёти осоишта ва баланд бардоштани сатҳу сифати зиндагии мардум аз ҳадафҳои умдаи давлат ва Ҳукумати мамлакат ба шумор меравад. Маҳз тадбирандешии саривақтӣ аз ҷониби Ҳукумати ҷумҳурӣ буд, ки сатҳу сифати зиндагии мардуми мо сол ба сол беҳтар мегардад. Президенти ҷумҳурӣ таъкид намуданд, ки Ҳукумати мамлакатро зарур аст, ки пешрафти устувори минбаъдаи иҷтимоиву иқтисодии ҷумҳуриро нигоҳ дошта, соли 2025 суръати рушди иқтисодиро дар сатҳи назаррас таъмин намояд.
Дар Паёми Президенти Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 28 декабри соли 2024 таъкид шуд, танҳо соли 2024 дар мамлакат ба маблағи зиёда аз як миллиард сомонӣ беш аз ду ҳазор километр роҳҳои маҳаллӣ таъмиру таҷдид гардида, бунёду навсозии 23 пул ба анҷом расид. Дар ин корҳои хайру ободонӣ саҳми соҳибкорону сокинони мамлакат бисёр бузург мебошад ва ҳамчунин баъзе аз ин корҳо бо маблағи барои ҳаҷҷи такрорӣ ва умра ҷамъовардаи сокинон иҷро шудаанд.
Воқеан, пас аз шунидани ҳидоятҳои Пешвои миллат, махсусан суханронии пурмуҳтавояшон дар мулоқот бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини мамлакат, ки моҳи марти соли 2024 дар шаҳри Душанбе баргузор шуда, боиси таҳаввули ҷиддӣ дар тафаккури ҷомеа гардид, имрӯз дар шаҳру навоҳии мамлакат, ҳатто дар дурдасттарин деҳоти Тоҷикистон мардум бо маблағи бо мақсади ҳаҷу умраи такрорӣ ҷамъовардаашон роҳ обод мекунанд, пул месозанд, дасти ятимону бечорагонро мегиранд ва ба ин васила аз ҳаҷи такрорӣ ё умра ҳам савоби бештар дармеёбанду ҳам номи неку фардои обод.
То таҷлили ҷашни муқаддаси миллӣ – 35-солагии Истиқлоли давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон камтар аз ду соли дигар боқӣ мондааст. Тавре ки Президенти Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паём ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таъкид намуданд, “мо бояд тамоми саъю талоши худро ба хотири амалӣ намудани корҳои ба ифтихори 35-солагии Истиқлоли давлатӣ пешбинигардида, яъне ободии Ватанамон, пешрафти давлатамон ва боз ҳам беҳтар гардидани шароити зиндагии мардумамон равона созем”.
Прокурори шаҳри Хуҷанд вобаста ба мулоқоти Президенти мамлакат бо фаъолон, намояндагони ҷомеа ва ходимони дини кишвар низ андешаронӣ намуда, аз ҷумла зикр намуд, ки ҳарчанд дар кишвар бо қарорҳои Суди Олӣ фаъолияти 28 ташкилоти экстремистиву террористӣ манъ шудааст, вале ҳолатҳои шомил шудан ба чунин ҳизбу ҳаракатҳо ҳанӯз ба назар мерасанд. Дар 10 соли охир дар мамлакат 6680 ҷинояти дорои хусусияти экстремистиву террористӣ, аз ҷумла 86 амали террористӣ ва сӯиқасд ба он ошкор ва ба қайд гирифта шуда, 11 ҳолати амали террористӣ ва сӯиқасд ба он пешгирӣ гардидааст.
Дар ин давра бар асари ташвиқоти густурдаи экстремистӣ тавассути шабакаҳои иҷтимоӣ ва ҳангоми дар муҳоҷирати меҳнатӣ қарор доштани шаҳрвандон шомилшавии ҷавонон ба ташкилоти экстремистиву террористии «Давлати исломӣ» ва дигар гурӯҳҳои террористӣ, сафарбар гардидани онҳо ба минтақаҳои даргир афзуда, нигарониҳои ҷиддии ҷомеаро ба миён овард.
Роҳбари Давлат изҳори нигаронӣ намуданд, ки дар ҳоле, ки аксар кишварҳои исломии ҷаҳон босуръат рушд карда, бо омӯзиши илмҳои муосир ҳатто барои фатҳи кайҳон кӯшиш менамоянд, дар ҷомеаи мо гароиши баъзе шаҳрвандон ба хурофотпарастиву ифротгароӣ ва таҳсилоти ғайриқонунии динӣ афзоиш ёфта истодааст.
Дар мулоқот иҷрокунандаи вазифаи Раиси Суди шаҳри Хуҷанд Раҳмон Ҷӯрахон низ баромад карда, аз ҷумла зикр дошт, ки яке аз унсурҳои маърифати ҳуқуқӣ риояи қонун ва сармашқи фаъолияти ҳаррӯза қарор додани меъёрҳои қонунгузории ҷумҳурӣ аст, ки ин сабаб мегардад маданияти ҳуқуқии аҳолӣ ба натиҷаи дилхоҳ расад. Ҳамзамон сатҳи баланди маърифати ҳуқуқии шаҳрванд, ки бевосита аз сифат ва дастрасии иттилооти ҳуқуқӣ вобастагӣ дорад, метавонад ба боло рафтани эҳтиром нисбат ба қонун ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ ҳамчун воситаи асосӣ ва калидии батанзимдарорандаи муносибатҳои ҷамъиятӣ, дар ботини шахс ба вуҷуд овардани эътиқод ба рафтори ҳуқуқӣ, ташаккули масъулият оид ба итоат кардан ба муқаррароти санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ мусоидат намояд ва шаҳрванд худро дар ҷомеа комилан озод ва бехатар эҳсос намояд.
Муовини сардори ШКДАМҶТ дар шаҳри Хуҷанд Олимҷон Сабуров чанд мисолҳоро аз парвандаҳои ҷиноятӣ, ки муқаррароти қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон “Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд” оварда, аз ҳозирин даъват ба амал овард, ки шукронаи тинҷу осиштагӣва амнияти Давлат намуда, ба омӯзиши амиқи илму ҳунар машғул гашта, баҳри ободии сарзамини аҷдодии хеш камари ҳиммат бандем. Нагузорем, ки нохалафе ба амнияти миллии мо таҳдид эҷод кунад, ҳамеша дар канори родмардони миллат истода, дар ҳифзи осоиштагии мардум мусоидат намоем.
Мулоқот бо суолу ҷавоб ва пешниҳодоти мушаххас анҷом ёфт.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд