(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ аз парваришгоҳи ниҳол ва гулу буттаҳои нодири Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Кишвари сабз” боздид намуданд.

Иттилоъ дода шуд, ки масоҳати замини хоҷагӣ 45 гектарро ташкил дода, дар ҳудуди он зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳои нодир ва 40 намуди ниҳоли дарахтони ороишӣ, ки тухмии онҳо аз дохил ва хориҷи кишвар оварда шудаанд, бо тавсияи олимон кишту парвариш карда мешаванд.
Мақсад аз ташкили кор дар хоҷагӣ мутобиқсозии навъу намудҳои гулу бутта ва ниҳоли дарахтон ба иқлими Тоҷикистон мебошад. Ин аст, ки тарзу усули кишт ва парвариши онҳо аз ҷониби мутахассисиони соҳибтаҷриба ба роҳ монда шудааст.
Ба Сарвари давлат иттилоъ доданд, ки дар масоҳати 2 гектару 20 садяк замин дар хоҷагии гулпарварӣ гармхона бо насби технологияи муосир бунёд ёфтаааст. Дар гармхона ниҳоли дарахтон ва гулу буттаҳои гармидӯст парвариш ва ба иқлими Тоҷикистон мутобиқ карда мешаванд.
Дар гармхона зиёда аз 100 намуди гулу буттаҳо ва дарахтон, аз ҷумла зиёда аз 500 ҳазор гули хонагӣ ва 100 ҳазор гули бисёрсола бо усули муосир ва пешрафтаи ҷаҳонӣ аз тухмӣ кишту парвариш меёбад.
Зимни шиносоӣ бо фаъолияти хоҷагӣ Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба фаъолияти гулпарварон ва маҳсули заҳмати онҳо баҳои баланд дода, коргаронро ба вусъат додани ин таҷрибаи ибратбахш, зиёд намудани мутахассисон ва муассисаҳои гулпарварӣ, аз ҷумла дар дигар гушаҳои кишвар ҳидоят намуданд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо коргарон суҳбати самимӣ доир намуда, барои зиёд кардани майдони парвариши гулу буттаҳои ороишӣ ва таъсиси гармхонаҳои гулпарварӣ ба масъулини соҳа дастуру супоришҳо доданд.
Президенти кишвар муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони марказҳои фарҳангию фароғатӣ ва боғҳои пойтахт супориш доданд, ки бо истифода аз заминаи мусоиди чунин парваришгоҳҳо барои ободонию сабзкорӣ ва боз ҳам зебову дилнишин гардонидани боғу гулгаштҳо, кӯчаву хиёбонҳои шаҳри Душанбе ва ноҳияҳои атрофи он аз шароиту имконоти мавҷуда самаранок истифода баранд.
Бояд гуфт, ки қабули Барномаи миллии “Кишвари сабз”-и Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2023-2027” ва “Барномаи давлатии сабзкории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои давраи то соли 2040” низ баёнгари он аст, ки ин сиёсат муваффақона пеш меравад ва Тоҷикистон дар самти истифодаи энергияи сабз ва дар оянда воқеан ҳам ба як кишвари сарсабз табдил ёфтан қадамҳои устувор мегузорад.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...