18 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Дар маҳаллаи “Ваҳдат”-и шаҳри Хуҷанд маросими номгузорӣ ба яке аз кӯчаҳои номнадошта ба номи Олимҷон Ҳасанов баргузор шуд.
Муяссара Қаҳҳорӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд чорабиниро ифтитоҳ намуда, аз ҷумла афзуд, ки бо пешниҳоди Комиссияи номгузорӣ ва ивази номи иншооти таърихию ҷуғрофии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар Иҷлосияи чордаҳуми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Хуҷанд даъвати шашум вакилон барои номгузорӣ намудани номи яке аз кўчаи номнадоштаи маҳаллаҳои навбунёди шаҳри Хуҷанд ба номи Олимҷон Ҳасанов раъй доданд.
Иттилоъ дода шуд, ки Ҳасанов Олимҷон Толибҷонович 2 августи соли 1947 дар оилаи яке аз маорифчиёни шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Соли 1965 мактаби миёнаи №4-уми шаҳри Хуҷандро хатм намуда пас аз он таҳсили худро дар Донишкадаи давлатии политехникии Тоҷикистон идома додааст.
Аз бахши сеюм таҳсили худро барои идома додан ба Донишкадаи муҳандиси сохтмонии ба номи В.В.Куйбешиви шаҳри Москва гузаронида шуда, ин донишкадаро соли 1970 хатм намудааст. Пас аз хатми донишгоҳ ба Тоҷикистон баргашта ҳамчун омўзгор давоми як сол дар Донишкадаи давлатии политехникии Тоҷикистон фаъолият бурда, тирамоҳи соли 1971 ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Артиши Шӯравӣ даъват гардида, хизмат намудааст.
Баъд аз адои хизмат боз ба шаҳри Хуҷанд баргашта фаъолияти меҳнатии худро ҳамчун сохтмончӣ дар идораи сохтмонии №1-уми трести «Ленинбодсохтмон» оғоз намуда, баъдан дар соҳаҳои гуногун -директори маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи Вазорати саноати маҳаллии Тоҷикистон, сармуҳандиси умури сохтмони асосии комиҷроияи вилояти Суғд, соли 1979 мудири шуъбаи саноату нақлиёти комитети ҳизбии шаҳри Хуҷанд, соли 1982 сардори шуъбаи якҷоякунӣ ва ба нақшагирии маблағҳои сохтмони асосии Госплани ҶШС Тоҷикистон, котиби аввали комитети партиявии шаҳри Турсунзода, соли 1990 котиби аввали комитети партиявии шаҳри Хуҷанд, солҳои 1988 то 1990 ду маротиба вакили Шўрои Олии Тоҷикистон, аз охири соли 1991 то соли 1995 раиси комитети идоракунии амволи давлатии вилояти Суғд, аз соли 1995 то соли 2016 директори маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд ва аз соли 2016 то соли 2020 ҳамчун мушовир дар маъмурияти корхонаҳои сохташудаистодаи шаҳри Хуҷанд кору фаъолият бурдааст. Вакили иҷлосияи шонздаҳуми Шўрои Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати дувоздаҳум буд.
Кор ва фаъолияти ўро ба назар гирифта, 30 августи соли 2000 бо унвони Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, 22 августи соли 2014 бо унвони Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд сарфароз гардонида шудааст.
Ҳасанов Олимҷон Толибҷонович 30-юми октябри соли 2020 дар синни 73 солагиаш вафот кардааст.
Сипас, шогирди Олимҷон Ҳасанов-омири кулли МД “Қалъаи Хуҷанд” Иброҳим Сангинов, хоҳари Олимҷон Ҳасанов Азизахон Мансурова ва фарзанди эшон Нигинахон Шарипова дар бораи хидматҳои Корманди Шоистаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шаҳрванди фахрии шаҳри Хуҷанд Олимҷон Ҳасанов хотирот ва хислатҳои наҷибашонро ёдоварӣ намуда, ҳамзамон барои адабӣ гардонидани номашон ба Давлату Ҳукумати мамлакат арзи сипос карданд.
Сипас дар вазъияти тантанавӣ парда аз лавҳаи хотиравӣ бардошта шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд