12 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо ташаббуси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон маросими ҷоизасупории соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2024 баргузор гардид.
Дар маросими ҷоизасупорӣ ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои иҷтимоӣ Абдулло Раҳмонзода ва Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Зулфиқор Гулаҳмадзода иштирок намуда, ба ғолибон ҷоизаҳоро супориданд.
Мақсад аз баргузории чорабинии мазкур қадршиносии хизматҳои шоиста ва ҷавонмардии ҷавонон дар назди ҷомеа ва давлат, ҷасорату фидокорӣ дар вазъияти ҷангӣ, ҳолатҳои таҳдидкунанда ба амнияти миллату давлат ва адои қарзи ҳарбӣ, хизматию шаҳрвандӣ барои дастгирӣ, ҳавасмандгардонӣ, тарбияи ватандустӣ ва таҳкими ҳуввияти миллии ҷавонон мебошад.
Боиси ифтихор аст, ки дар чорабинии мазкур Абдувосит Ғафуров мудири бахши кор бо ҷавонон ва варзиши шаҳри Хуҷанд барои фаъолияти назарраси меҳнатӣ бо фармоиши Раиси Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 03.02.2025, №03 бо медали "Барои шуҷоат ва ҷавонмардӣ" дар соҳаи кор бо ҷавонон сарфароз гардид.
Шоистаи зикр аст, ки қаблан Абдувосит Ғафуров бо ҷоизаи “Беҳтарин бахши кор бо ҷавонон ва варзиш дар соли 2021” ва "Беҳтарин сохтори соҳаи кор бо ҷавонон дар соли 2023" сазовор гардида буд.
Дастоварди навбатӣ муборак бод!
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд