06 Февраль 2025
Недоступен ни однин перевод.
Бо мақсади тарбияи табиатдӯстӣ дар ниҳоди кӯдакон ва арҷ гузоштан ба неъматҳои табиат дар МТТ №24-и шаҳри Хуҷанд машғулияти тарбиявӣ гузаронида шуд.
Маҳфил аз ҷониби мураббияи калони томактабӣ Нигора Рофиева гузаронида шуд.
Таъкид шуд, ки дарниҳоди кӯдакон тарбияи эҳсоси дўст доштани табиат зарур аст. Чунки кўдакон аз синни томактабӣ ба муҳити атроф диққат медиҳанд. Онҳо дарахтонро мебинанд, баъзе гулҳоро мешиносанд, парвози парандаҳоро ба мушоҳида мегиранд, хониши онҳоро шунида завқ мебаранд, кӯҳу дарёву лолазорро мебинанд. Агар парандаеро машғули донаковӣ бинанд, дар чеҳраашон шодӣ ва хушҳолӣ гул мекунад ва бо дастони хурдакаки худ ба сўйи онҳо ишора карда, чизҳоеро бо ҳаяҷон ба забон меоранд. Чунин мушоҳидаҳо дар кўдакони ин синну сол ҳар рўз такрор меёбад. Ин ҳолат, албатта ҳам барои кўдакон ва ҳам барои калонсолон хурсандибахш аст, зеро бачаи хурдсол аз ҳамин синну сол бо табиат пайванд будани худро нишон медиҳад, ба шинохтани муҳит сар мекунад ва батадриҷ ташаккул меёбад.
Дар ҷараёни машғулият оид ба табиат ва неъматҳои он маълумоти муфассал дода шуд.
Машғулият аз ҷониби маъмурият ва мураббиёни кӯдакистони №24-и шаҳри Хуҷанд мушоҳида ва таҳлилу баррасӣ карда шуд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд