(0 голоса, среднее 0 из 5)
Недоступен ни однин перевод.

altПаёми солонаи Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳамчун маълумоти расмии солона доир ба вазъи кишвар дар самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии давлат буда, ҳамзамон, дар он таҳлилҳо ва нуктаи назари Сарвари давлат оид ба самтҳои стратегии рушди Тоҷикистон-Ватани азизамон дар ояндаи наздик ифода мегардад. Паём дар баробари муқаррароти дорои хусусияти сиёсӣ, иқтисодӣ ва идеологӣ, ҳамчунин, фарогирандаи пешниҳодҳои мушаххас, ки ба фаъолияти занону бонувон марбут аст.

Дар муайян намудани сиёсати дохилию хориҷӣ Паёми Роҳбари Давлат аҳамияти хосса дорад. Он на танҳо вазъи кишвар ва мавқеи он дар ҷаҳонро арзёбӣ мекунад, балки афзалиятҳои дарозмуддат, аз ҷумла, дар соҳаи иҷтимоӣ, иқтисодӣ, фарҳангӣ, сиёсати хориҷӣ ва дохилӣ, дар соҳаи илму маориф, амният ва мудофиаро муайян менамояд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар роҳандозӣ кардани ин афзалиятҳо талошҳои созандагиву бунёдкорона ва ҷидду ҷаҳд ва саъю кӯшиши тамоми ҷомеа тақозо карда мешавад.
Занону бонувон ҳамчун рушду нумуъбахшандаи ҷомеаи соҳибистиқлол, демократӣ, дунявӣ, ягона ва иҷтимоӣ ҳамеша дар маркази таваҷҷуҳи Сарвари мамлакат қарор дорад. Президенти кишвар, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми ҳамасолаи хеш доир ба мақому манзалати занону бонувон фикрҳои арзандаву воқеӣ баён мекунанд.
Аз ҷумла дар Паёми ПРезиденти мамлакат омадааст: Мақому манзалату занону бонувон ва нақши онҳо дар эъмори давлати муосир ва рушди ҷомеа маҳз дар замони соҳибистиқлолӣ воқеан боло рафтааст. Таъкид менамоянд, Ҷаноби Олӣ:
Ҳоло дар кишвар 25 фоизи хизматчиёни давлатӣ, 73 фоиз кормандони соҳаи маориф, 71 фоизи кормандони соҳаи тиб, 47 фоизи кормандони соҳаи фарҳанг, 37 фоиз олимон ва 30 фоизи соҳибкоронро бонувону занон ташкил медиҳанд.
*дар замони соҳибистиқлолӣ зиёда аз 280 ҳазор нафар духтарон муассисаҳои таҳсилоти олиро хатм кардаанд, яъне соҳиби маълумоти олӣ гардидаанд.
*зиёда аз 25 ҳазор духтарону бонувон муассисаҳои таҳсилоти олии кишварҳои хориҷиро хатм карда, соҳибмаълумот шудаанд.
*ҳоло аз 214 ҳазор нафар донишҷӯёни муассисаҳои таҳсилоти олии касбии кишвар 90 ҳазор нафар ё 42 фоизро духтарон ташкил медиҳанд.
*мо ба азму ирода ва масъулиятшиносии бонувону духтарони тоҷик ҳамчун неруи бузурги ҷомеа эътимоди комил дорем ва дастгирии ҳамаҷонибаи онҳоро идома медиҳем.
*бовар дорем, ки бонувону занон ва модарону духтарони азизи мо дар амалисозии талаботу муқаррароти қонунҳои миллӣ, пешгирӣ кардани бегонапарастӣ, аз ҷумла, сару либос ва оинҳои барои мардуми мо бегона, ба камол расонидани наслҳои солим, таҳкими сулҳу субот дар ҷомеа, пешрафти авлат ва ободии Ватан минбаъд низ саҳми арзишманди худро мегузоранд.
*зеро онҳо эҳёкунандаву нигоҳдоранда ва тарғибкунандаву посдорандаи беҳтарин суннату анъанаҳои миллӣ ва расму оинҳои асилу бостонии халқамон мебошанд.
Суханони самимонаи Пешвои миллат гувоҳи онанд, ки занону бонувони тоҷик на танҳо дар Ватани худ, балки берун аз он бо донишу маҳорату малакаи касбиамон шуҳрати ҷаҳонӣ доранд.
Дар Хуҷандшаҳр 101 ҳазору 400 нафар занону бонувон дар муассисаҳои мухталиф кору фаъолият менамоянд ва онҳо дар 22 маҳаллаҳо сарҷамъ гардида, дар руҳияи дӯстона, меҳнатдӯстӣ, ватандориву меҳанпарастӣ ва худогоҳии милливу хештаншиносӣ, дар таълиму тарбияи фарзандону насли навраси ояндасози Ватан саҳми мондагор доранд, инчунин дар ташвиқу тарғиби мазмуну муҳтавои Паём дар риштаҳои гуногуни ҷомеа фаъолона ширкат меварзанд.
Шуъбаи кор бо занону бонувони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд, доир ба Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олӣ нақшаи тадбирҳои мушаххас омода карда, аз рӯйи он корбарӣ намуда, ҷиҳати амалии онро роҳандозӣ карда истодааст. бо нияти таъмини ҷиҳати амалии кор аз ҳисоби фаъолзанҳо ба маҳаллаҳо ахборотчиёни сиёсӣ мувофиқи ҷадвали тасдиқ карда шуда, ташкилу гузаронида шуда истодааст.
Бо такя ба суханони Сарвари мамлакатамон бояд бори дигар таъкид намуд, ки ҳар як фарди дорои номусу нанг, андешаву афкори шахсӣ дар зебову обод намудани кишварамон, баланд бардоштани сатҳи сифати зиндагии халқамон ва вусъат бахшидани обрӯи Ватани биҳиштосоямон дар арсаи байналмилалӣ саҳми худро гузорад.


Манучеҳра Кенҷазода, мудири шуъбаи кор бо занон ва
оилаи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд

?>

Председатель города

Заместители Председателя

Джамшед Набизода Джамшед Набизода Джамшед Набизода. Родился 9 мая 1981 года в городе Худжанде. По национальности таджик. В 2003 году окончил Таджикский университет права, биз...
Хомидзода А.А. Хомидзода А.А. Руководитель аппарата председателя города Хомидзода Абдувахоб Абдумаджид родился 8 июня 1978 года в городе Худжанде. По национальности...
Сангинова М. А. Сангинова М. А. Сангинова Муяссар Абдукахоровна родилась 15 октября 1979 года в городе Худжанде. По национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 200...
Гайбуллозода Х. Гайбуллозода Х. Первый заместитель председателя города ХуджандГайбуллозода Хайрулло назначен на данную должность по постановлению Председателя  города ...

Руководители структур

Джураева К. Я. Джураева К. Я. Джураева Кибриё Яхяевна. Родилась 9 сентября 1966 года в Б.Гафуровском районе, по национальности таджичка. Имеет высшее образование. В 1997 ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Недоступен ни однин перевод.Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов родился 23 октября 1986 года в городе Худжанде в семье служащего. В 1994 году пошел в среднюю школу №18 города Худжанда, ...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Недоступен ни однин перевод.Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, ма...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Недоступен ни однин перевод.Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Недоступен ни однин перевод.Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ...
Каримов А. А. Каримов А. А. Недоступен ни однин перевод.Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумота...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Недоступен ни однин перевод.Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Недоступен ни однин перевод.Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии ти...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Недоступен ни однин перевод.Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ меб...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Недоступен ни однин перевод.Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ т...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Недоступен ни однин перевод.Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ...