(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар МТМУ №28-и шаҳри Хуҷанд Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ки дар он муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Мавсума Муинӣ, муовини Раиси ҲХДТ Мирзоқосим Каримзода, аъзои Раёсати Кумитаи иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ ва Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода иштирок намуданд.

Мунзифа Ҷабборӣ, раиси КИ ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаро оғоз намуда, иттилоъ дод, ки тибқи талаботи банди 35 ва 39 Оинномаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон, дар асоси қарори Маҷлиси Раёсати Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҳизб аз «31» декабри соли 2024 Маҷлиси Кумитаи иҷроияи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар шаҳри Хуҷанд даъват гардид.
Ба муҳокимаи Маҷлиси Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд масъалаҳои зерин: Дар бораи вазифаҳои ташкилотҳои ҳизбӣ ҷиҳати тарғиб ва амалигардонии нуктаҳои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон; оид ба Ситоди пешазинтихоботии Кумитаи иҷроияи ҲХДТ дар шаҳри Хуҷанд; пешбарии номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатии Хуҷанд №13 пешниҳод гардидааст.
Аз руйи масъалаи якум Аюб Усмонзода, ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров баромад намуда, аз ҷумла таъкид дошт, ки воқеан, дар Паёми навбатии худ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон самтҳои асосии сиёсати дохилию хориҷии мамлакатро барои давраҳои оянда муайян намуда, оид ба пешбурди манфиатбори сиёсати хориҷӣ ва таъмини пешрафти соҳаҳои иқтисоду саноат, энергетика, роҳу нақлиёт, амнияту мудофиа, ҳифзи ҳуқуқу тартибот, тандурустӣ, фарҳанг, илму маориф, ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ вазифаҳои мушаххас ба миён гузоштанд.
Мо ҳизбиёнро зарур аст, ки дар самти ташвиқу тарғиби нуктаҳои муҳими Паёми Пешвои миллат, татбиқи амалии он дар байни аҳолӣ ва кормандони соҳаҳои мухталифи хоҷагии халқ корҳои фаҳмондадиҳиро пурзӯр намоем.
Сипас, аъзои маҷлис баъди ташкили ситоди интихоботӣ, тибқи моддаи 35 Оинномаи ҲХДТ номзади худро ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбарӣ намуданд.
Ҳамин тавр номзадии Мавсума Муинӣ ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 пешбарӣ карда шуд.
Баҳри муаррифии номзад, аъзои Кумитаи Иҷроияи Марказии ҲХДТ Абдуҷаббор Азизӣ, директори Муассисаи давлатии “Кохи фарҳанги ба номи Саидхӯҷа Ӯрунхоҷаев” Осим Каримзода баромад намуданд.
Сипас тибқи муқаррарот ному насаби номзади пешбаришавандаро тариқи овоздиҳӣ ба бюллетени овоздиҳии пинҳонӣ дохил карда шуд ва иштирокдорони ҷаласа раъйи худро доданд.
Натиҷаи овоздиҳиро раиси комиссия Ҷамшед Тӯразода эълон дошт ва ҳамин тавр Мавсума Муинӣ соли таваллудаш 1981, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, ихтисосаш ҳуқуқшинос, иқтисодиёт ва идоракунӣ дар корхонаҳо, муовини Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, аъзои Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон номзад ба вакилии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳавзаи якмандатии интихоботии Хуҷанд №13 якдилона пешбарӣ карда шуд
Сипас Мавсума Муинӣ, номзад ба вакили Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳавзаи интихоботии якмандатӣ «Хуҷанд- 13» ба сухан баромад, барои боварӣ ва эътимод арзи миннатдорӣ баён намуд.
Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода зимни баромади худ аз ҷумла таъкид дошт, ки ҳамагон шоҳиди онем, ки ба шарофати Истиқлоли давлатӣ рушди рӯзафзуни кишвари маҳбубамон таъмин гардида, ин диёри аҷдодӣ рӯз аз рӯз шукуфову зебо ва ҳаёту рӯзгори сокинонаш низ хурраму обод мегардад.
Тоҷикистони соҳибистиқлол таҳти сарварии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси муаззами Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳамаи ҷанбаҳо ба дастовардҳои азим ва нодир ноил гардида, ба сӯи ояндаи боз ҳам дурахшон ҳаракат мекунад.
Дар вилояти Суғд таҳти сарварии Раиси вилоят, муовини аввали Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода амалигардонии ҳадафҳои стратегии кишвар ва дигар ҳадафҳои ҳукумату давлат, ки маҷмӯан, зиндагии арзандаро ба халқ муҳайё хоҳад намуд дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Татбиқи амалии ин ҳадафҳо ва барномаву нақшаҳои созандаи Ҳукумати ҷумҳурӣ бо роҳбарии Пешвои муаззами миллат, барои мардуми шарафманди диёр имконоту шароити созгори зиндагиро фароҳам хоҳад овард.
Мо дар ҳар сафарҳои кории Пешвои муаззами миллат, алалхусус сафари навбатиашон шоҳид шудем, ки дар шаҳри Хуҷанд чандин корхонаву муассисаҳо сохта ба истифода дода шуданд, ҳазорҳо ҷойҳои нави корӣ таъсис ёфтанд ва ин барои боз ҳам фароҳам овардани шароити корӣ ва беҳтар намудани зиндагии сокинон мусоидат мекунад.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки бо мақсади иштироки фаъолонаи намояндаи Ҳизби Халқии Демократии Тоҷикистон дар парлумони кишвар Кумитаи иҷроияи ҳизб дар шаҳри Хуҷанд номзади арзандаву шоистаи хеш – Мавсума Муинӣ пешбарӣ гардид, ки ин кас таҷрибаи бойу дониши баланд дошта, ҳамчун вакил метавонанд, бо татбиқи барномаи ҳизбӣ дар рушду инкишофи кишварамон, аз он ҷумла, таъмини зиндагии шоистаи мардум комёб гарданд. Номзади пешбаринамудаи мо воқеан арзанда ҳастанд, зеро дар давраи фаъолияти кориашон дар якчанд мақомотҳо тавонистанд, ки бо донишу малака ва одобу ахлоқи намунавӣ аз ҳар ҷиҳат ба пешравиҳо ноил гарданд.
Муовини Раиси ҲХДТ Мирзоқосим Каримзода низ дар ҷаласа баромад намуда, доир ба шахсияти номзади пешниҳодшуда, фикру андешаҳои хешро баён дошта, аз ҳамагон даъват ба амал овард, ки супоришҳои Роҳбарияти Кумитаи Иҷроияи Марказии ҳизбро сармашқи кори худ дониста, минбаъд низ таҳти роҳбарии Раиси муазазми ҲХДТ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон барои татбиқи амалии вазифагузориҳои пешниҳодшуда кӯшиш ба харҷ диҳанд.
Бо вазифагузориҳои дигар ба кори Маҷлиси Кумитаи иҷроияи шаҳрии ҲХДТ ҳусни анҷом бахшида шуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...