(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altИмрӯз дар Муассисаи таълимии хусусии "Литсейи инноватсионии Ҷавонӣ" дар шаҳри Хуҷанд маросими қадршиносии ғолибони озмунҳои дохилимуассисавии "Луғатдони беҳтарин", "Ихтироъкорони ҷавон" ва "Ҷоми Литсей оид ба футбол" пуршукуҳ доир гардид.

Директори МТХ "Литсейи инноватсионии Ҷавонӣ дар шаҳри Хуҷанд" Сурайёхон Неъматзода зимни суханронӣ иброз дошт, ки ҳамешагӣ дар Паёми навбатии худ ба Маҷлиси Олии кишвар Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ, Пешвои муаззами миллат, Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бобати аз худ намудани забонҳои хориҷӣ аз ҷумла русиву англисӣ таъкид намуда, баён медоранд, ки ки баҳри боз ҳам бештар аз худ намудани забонҳои хориҷӣ хонандагон бояд ҷаҳду талош намоянд ва дар ин замина ба роҳбарони муассисаҳои таълимӣ бобати забономӯзии хонандагон дастурҳои мушаххасу иловагӣ дода шуд. Ҷиҳати амалишавии дастуру ҳидоятҳои Пешвои муаззами миллат дар муассиса озмуни "Луғатдони беҳтарин" баргузор ва натиҷагирӣ карда шуда, 4 нафар хонандагони Литсей, ки беш аз 1400 адад луғатҳои русӣ-англисӣ аз ёд намудаанд, қадршиносӣ гардиданд. Хонандагони Литсей: Майнусов Қурбоналӣ, Олимов Мустафо, Сумайя Собитова ва Сафия Абдуллоева бо нишон додани маҳорати баланди луғатдонӣ ғолиби озмун гардиданд ва аз тарафи маъмурияти литсей бо туҳфаҳои арзишманд, аз ҷумла "Планшет" ва диплом ҳадя карда шуд.
Ҳамчунин баҳри ҳавасмандсозии хонандагони фаъол ба 50 нафар хонандагоне, ки беш аз 800 адад луғатҳои русиву англисӣ азёд намудаанд, Диплому туҳфаҳои арзишманд супорида шуд.
Баҳри амалисозии барномаи "Бистсолаи омӯзиш ва рушди фанҳои табиатшиносӣ, дақиқ ва риёзӣ" дар соҳаи илму маориф, солҳои 2020-2040" дар муассиса даҳаи охири моҳи декабр ҳафтаи "Инноватсия ва ихтироъкориву навоварӣ" баргузор карда шуда, дар доираи ин ҳафта озмуни "Ихтироъкорони ҷавон" ташкил ва баргузор карда шуд. Дар натиҷа 40 нафар хонандагон ғолибони озмуни мазкур гардида, бо тӯҳфаҳои хотиравӣ, медалҳои рамзӣ ва диплом қадршиносӣ карда шуданд.
Баҳри рушди варзиши футбол ва тарғиби тарзи ҳаёти солим байни хонандагони синфҳои 7-9 ба муносибати иқдоми ҷаҳонии Президенти Федератсияи Футболи мамлакат, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ оид ба "Рӯзи ҷаҳонии футбол" дар муассиса Ҷоми Литсей оид ба футбол баргузор карда шуда, дар натиҷа хонандагони синфи 9 “А” ғолиби мусобиқаи мазкур ва соҳиби Ҷом, медалҳои фахрӣ ва Ҷоизаи пулӣ дар ҳаҷми 500 сомонӣ гардиданд.
Дар доираи чорабинии мазкур ҳамзамон ғолибони олимпиадаҳои байналмилалӣ аз фанни математика ва ғолибони олимпиадаи фаннии шаҳрӣ низ қадршиносӣ карда шуданд.
Барномаи рангини фарҳангӣ, ки аз ҷониби хонандагони муассиса дар васфи "Ватан", "Модар", "Тоҷикистон" омода карда шуд ба чорабинӣ шукуҳу шаҳомати хос бахшид.
Таъкид шуд, ки роҳбарияти муассисаи таълимии хусусии "Литсейи инноватсионии Ҷавонӣ" дар шаҳри Хуҷанд дар соли 2025 тасмим гирифтааст, ки баҳри иҷрои нишондиҳандаҳо ва нуктаҳои муҳими Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии ҷумҳурӣ» аз 28 декабри соли 2024 силсилаи озмуну мусобиқаҳоро роҳандозӣ ва беҳтаринҳоро бо маблағҳои пулӣ ва туҳфаҳои арзишнок қадршиносӣ хоҳад намуд.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...