29 Декабр 2024
Бо ибтикори мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилоят бахшида ба Соли нави мелодӣ дар шаҳри Хуҷанд ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ баргузор гардид.
Ярмарка-фурӯши маводи ғизоӣ бо мақсади таъмини аҳолӣ бо маҳсулоти зарурӣ ташкил гардида, аз ҷониби кишоварзону корхонаҳои саноатӣ орд, равған, гӯшт, сабзӣ, пиёз, картошка, шакар, меваҷот, маҳсулоти қаннодӣ ва шириниҳо, оби нӯшокӣ ва афшураҳо пешниҳоди сокинон гардонида шуд.
Дар арафаи Соли нав сокинон маҳсулоти зарурии худро бо нархҳои нисбат ба бозор арзонтар харидорӣ карданд.
Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода аз ярмарка-фурӯши маҳсулот боздид карда, барои ташкили чунин ярмаркаҳо дар оянда низ ба масъулин супоришҳо дод.
Бояд қайд кард, ки дар ёздаҳ моҳи соли 2024 бо мақсади таъмини аҳолии вилоят бо маводи озуқа ва танзими нархҳои бозори истеъмолӣ 49 маротиба ярмарка гузаронида шудааст.
Дар ярмаркаҳо дар маҷмӯъ, ба миқдори 8128,1 тонна маҳсулот, аз ҷумла 1076,7 тонна орд, 382,9 тонна равғани растанӣ, 265,3 тонна гӯшти чорвою паранда, 167,4 тонна шакар, 168,8 тонна биринҷ, 1592,9 тонна картошка, 936,8 тонна сабзӣ, 1255,7 тонна пиёз, 823,1 тонна сабзавоти гуногун, 674,6 тонна меваҳои гуногун, 126,5 тонна консерв ва обҳои ташнагишикан, 2442,3 ҳазор дона тухм ва дигар маҳсулоти хӯрокворӣ бо нархҳои дастрас ба фурӯш бароварда шудаанд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд