28 Декабрь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Имрўз Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода ба муносибати Соли нави мелодӣ бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба манзили якчанд нафар ашхоси эҳтиёҷманд ва камбизоат рафта, онҳоро аёдат ва бо идашон табрику таҳният гуфт.
Таъкид шуд, ки чунин айёдатҳо бо дастури Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҳар иду айём ба ҳукми анъанаи нек даромадааст, ки таваҷҷуҳ ба эҳтиёҷмандон афзуда, аз ҳолу рўзгори эшон бохабар гардида, таманниёти нек арз медорем. Бигзор соли 2025 соли бобарори татбиқи сиёсати созандагиву бунёдкорӣ, иқдому ташаббусҳои наҷиб ва вусъатёбии раванди худшиносиву худогоҳии миллии мардумӣ бошад.
Аёдатшудагон Шафоат Абдуқодирова, Ҳалима Ҳошимова, Шарифа Сайфитдинова, Наргиса Норматова, Омина Пӯлотова, Санҷида Сабурова, Бароат Маҳмудова, Валӣ Каримов ва дигарон аз ин таваҷҷуҳу ғамхориҳои пайваста ба Роҳбарияти Давлату Ҳукумати мамлакат арзи миннатдорӣ баён намуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд