(0 овоз, миёна 0 аз 5)

Нишасти матбуотии Раиси шаҳри Хуҷанд баргузор гардид.Дар маҷлисгоҳи Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд нишасти матбуотӣ доир шуд, ки дар он Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода ба намояндагони воситаҳои ахбори оммаи шаҳру вилоят ва ҷумҳурӣ оид ба фаъолияти Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2014 дар самти пешбурди хоҷагии халқ маълумот дод. Аз ҷумла зикр кард, ки корхонаҳои саноатии шаҳр давоми соли 2014 ба миқдори 490 миллион сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 82, 1 миллион сомонӣ зиёд аст. Дар ин давра шумораи корхонаҳои саноатӣ ба 153 адад расид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 46 адад афзуд. Аммо 4 корхона: ҶС «Лаъл», ҶДММ «Некон», Идораи сохтмони №1 ва ҶДММ «Ворис» фаъолият надошт. Барои азнавсозии технология ва модернизатсияи корхонаҳои саноатии навташкил зиёда аз 44 миллион сомонӣ сармояҳои хориҷӣ ва дохилӣ масраф шуда, 1000 ҷойи нави корӣ таъсис ёфт. Мувофиқи маълумоти идораҳои фурӯши барқ пардохти истифодаи қувваи барқ 97 фоиз, аз ҷумла аз тарафи аҳолӣ 93 фоизро ташкил медиҳад.
Музди маоиши кормандони муассисаю ташкилот 974 сомонӣ мебошад.
Толибилмони дабиристонҳо дар олимпиадаи ҷумҳуриявӣ фаъолияти хуб нишон дода, ба гирифтани 20 мақоми ифтихорӣ мушарраф гардиданд.
Раиси шаҳр дар боби комёбиҳои соҳаҳои фарҳангу тандурустӣ, аз ҷумла, таъмири беморхонаҳои шаҳрии №1 ва 2, бартараф кардани муаммоҳо дар таваллудхонаи шаҳрӣ, оғози марҳилаи сеюми таъминоти мардуми шаҳри Хуҷанд бо оби нӯшокӣ, корҳои анҷомдода дар самти тозагии шаҳр, саривақт аз ҳудуди шаҳр баровардани партовҳо, гузоштани партовқуттиҳо дар маҳаллаҳо, чароғонгардонии шоҳроҳи Хуҷанд –Fафуров то маркази савдои «Авесто» ва идомаи он дар соли 2015-ум дар мавзеъҳои Панҷшанбе, Театри мазҳакаи мусиқии ба номи Камоли Хуҷандӣ, маҳаллаҳои 8 ва 12, баанҷомрасии мумфаршкунии қариб 100 километр роҳҳои шаҳр ва идомаи он дар соли 2015 дар маҳаллаҳо, шинондани ниҳолҳои ҳамешасабзу гулҳои ороишӣ ва лолаҳо, ба истифода додани кӯдакистон дар маҳаллаи 3-юм барои 400 тар-биягиранда, таҷҳизонидани муассисаҳои томактабӣ бо лавозимоти зарурӣ, толорҳои варзишӣ дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумии №27 ва 17, ҳамчунин, оғози сохтмони толорҳои варзишӣ дар гимназияи №1 ва литсейи математикӣ ба номи М.Осимӣ маълумот дода, аз нақшаҳои Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар соли 2015 ҳозиринро шинос кард. Зикр дошт, ки соли равон Соли фарҳанг ва идомаи гулкорию ободонӣ эълон шудааст. Дар ин самт васеъкунии кӯчаҳои ба номи Камоли Хуҷандӣ ва Раҳмон Набиев, ободонии биноҳои баландошён, аз ҷумла шинондани дари даромад ва шишабандии тирезаҳо, бунёди майдончаҳои варзишӣ ва чойхонаҳо дар маҳаллаҳо назардошт гардидааст.
Баъдан дар қисмати суолу ҷавоб хабарнигорон ба Раиси шаҳр Раҷаббой Аҳмадзода бо саволҳои мушаххас муроҷиат карда, ҷавобҳои қонеъкунанда гирифтанд.
Санавбар Мақсудова, намоянда аз «Радиои Тоҷикистон»:
-Муҳтарам Раис, чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, имсол Наврӯзи умумиҷаҳонӣ дар шаҳри Хуҷанд таҷлил мегардад. Хуҷанди бостонӣ бо кадом комёбиҳо онро истиқбол мегирад?
Раис: - Мо шодем, ки Наврӯзи имсола дар шаҳри бостонии мо таҷлил мегардад. Мо ба ин ҷашн ва ба қабули 1000 нафар меҳмон омодагӣ мегирем. Азнавсозии меҳмонхонаҳои «Ленинобод» ва «Эҳсон» оғоз меёбад, дар ин хусус бо роҳбарияти ин меҳмонхонаҳо гуфтугузор шудааст. Ҳамчунин, дигар меҳмонхонаҳои «сеситора» ва «чорситора» низ барои қабули меҳмон тайёрӣ мебинанд. Боғи фарҳангии ба номи Камоли Хуҷандӣ пурра таҷдид гашта, мақбараи Камоли Хуҷандӣ бунёд мегардад. Ба ин муносибат мо бо супориши ҷаноби олӣ Эмомалӣ Раҳмон ҳамроҳи Раиси вилоят Абдураҳмон Қодирӣ ба шаҳри Табрези Ҷумҳурии исломии Эрон сафар намудем ва дар ҳузури 500 нафар аҳли адаби ҳарду ҷониб хоки мақбараи Хоҷа Камолро ба шаҳри Хуҷанд овардем. Дар гармхонаҳо ва муассисаи кабудизоркунии шаҳр парвариши 1 миллион тухми лола ба роҳ монда шуда, бо ҳамдастии муассисаҳои маориф, бонкҳо, дигар ташкилоту корхонаҳо дар ҳудуди шаҳр мешинонем. Байни 22 маҳаллаи шаҳр озмун эълон кардем, то онҳо маҳаллаҳои худро ба ҷашн тайёр карда, аз рӯи анъанаҳои миллӣ ороиш диҳанд.
Муслима Раҳимова, намоянда аз рӯзномаи «Саломат бошед!»:
- Боиси хурсандист, ки шумораи биноҳои баландошён дар шаҳр меафзояд. Дар баробари ин, оё бехатарии сохтмончиён назорат мегардад? Бо ин савол як гуруҳ бинокорон аз маҳаллаи 12-ум, ки бинои 9-ошёна сохта истодаанд, ба идораи мо муроҷиат карданд.
Раис: - Албатта, вазифаи мо пеш аз ҳама риояи тамоми қоидаҳои бехатарии техникӣ ва ҳифзи сиҳатии омма мебошад. Fайр аз ин, дар ҳама соҳа ташкилотҳои махсус амал мекунад, ки кормандонашро дар соҳаи худ ҳифз мекунад. Инчунин, дар назди Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд гуруҳи махсус амал мекунад, ки аз рафти корҳои сохтмон назорат бурда, камбудиҳои ошкоргардидаро саривақт ислоҳ менамояд. Шахсан ман ҳамроҳи ҷонишинам Дадоҷон Абдуллоев аз рафти корҳои сохтмони чандин биноои сохташудаистода назорат карда,  нодуруст кашидани хатти барқ ва деворбанд накардани мавзеи сохтмонро ошкор кардем. Кормандони идораи барқ ба ин масъала машғул гашта, камбудиҳоро ислоҳ карданд. Барои риоя накардани қоидаҳои бехатарӣ баъзе роҳбарони биноҳои сохташаванда ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ барои чораандешӣ супурда шуданд.
Fуфрон Ҳусайнов, хабарнигори телевизиони вилояти Суғд:
- Сокинон аз сохтмони биноҳои баладошён дар микроноҳияҳои шаҳр, аз ҷумла, дар маҳаллаи 34 норозигӣ изҳор мекунанд. Дар ин хусус андешаи шумо…
Раис: - Ҳамаи сохтмонҳо мувофиқи нақшаи генералӣ ҷараён дошта, он бо мақсади самаранок истифодаи замин ба соҳибкорон дода мешавад.

Моҳира Раҳимзода, намоянда аз рӯзномаи «Сухани халқ»:
- Дар маърӯзаатон доир ба идомаи соли ободонӣ дар маҳаллаҳо сухан рафт. Донистан мехоҳам, ки дар маҳаллаи Баҳор кадом корҳои ободонӣ назардошт шудааст? Оё дар ин мавзеъ майдончаи варзишӣ бунёд ва роҳаш обод мегардад?
Раис: - Ободонии маҳаллаҳо бар дӯши роҳбарияти мақомоти иҷроия ва раисони кумитаи маҳаллаҳо вогузор шудааст. Барои ободонии роҳи маҳалла бояд раиси кумитаи маҳалла ба идораи роҳсозӣ муроҷиат намояд. Дар хусуси майдончаи варзишӣ, маблағи зарурӣ аз ҷониби мақомоти иҷроия ҷудо мегардад ва он тариқи ҳашар бо дастгирии сокинони маҳалла сохта мешавад. Ободии роҳи байни мактаб ва биноҳои баландошён дар нақша ҳаст ва он муовифиқи нақша-чорабинӣ амалӣ мегардад.
Манижа Юсуфова, намояндаи ШТР «СМ-1»:
- Ҷинояткорӣ дар шаҳр дар кадом сатҳ аст?
Раис: - Дар ҳолати 1 январи соли 2015-ум 983 ҷиноят ба қайд гирифта шуд, ки ин нисбат ба соли гузашта 5,4 фоиз зиёд аст. Аз тарафи ноболиғон 52 ҷиноят содир гардид ва барои ислоҳи он муовини Раиси шаҳр Умеда Муродова, мудири шуъбаи маориф Саидмухтор Ҷалолов ва директорони мактабҳо бо волидайн суҳбат гузаронида, сатҳи ҷиноят аз ҷониби кормандони шуъбаи корҳои дохилӣ ва раиси кумитаи маҳаллаҳо таҳлил карда мешаванд. Дар оянда кӯшиш мекунем, ки ҷинояткорӣ дар шаҳри Хуҷанд коҳиш ёфта, насли солим ба воя расад.
Тилав Расулзода, хабарнигори маҷаллаи «Бонувони Тоҷикистон»:
Барои аз қамишзор тоза намудани дарёи Сир чӣ нақшаҳо доред?
Раис: - Кумитаи ҳифзи муҳити зист соле 4-5 маротиба шурӯъ аз Наврӯзгоҳ то Боғи ба номи Камоли Хуҷандӣ шанбегӣ ташкил карда, ҳар ду соҳили дарёро аз алафҳои бегона тоза мекунанд. Ҳамчунин, аз ҷониби соҳибкори тарабхонаи «Боғи Ирам» соҳили дарё ба тартиб дароварда шуд. Лекин барои пурра тоза кардани соҳили Сир ба Кумитаи ҳифзи муҳити зисти ҷумҳурӣ муроҷиат кардем ва дар сурати ҷудо гардидани маблағ хоки дарё пурра бароварда мешавад. Ин кор маблағи калонро талаб мекунад. Бинобар ин, сари чанд вақт аз ҷониби кумитаи ҳифзи муҳити зисти шаҳр ва сарраёсати ободонии шаҳр корҳои ободонии соҳил гузаронида мешавад.
Раҳимҷон Аҳмадов, хабарнигори радиои «Садои Хуҷанд»:
-Дастрасии оилаҳои ҷавон ба манзил душвор аст. Барои таъмини оилаҳо бо хонаҳои истиқоматӣ чӣ тадбир андешида мешавад?
Раис: - Дар асоси қарори Маҷлиси намояндагони вакилони халқи шаҳри Хуҷанд ширкатҳои сохтмонӣ баъди пурра ба анҷом расидани корҳои сохтмонӣ аз масоҳати умумии бино 5 фисадашро ба шуъбаи манзили шаҳри Хуҷанд мегузаронанд. Онро мо ба кадрҳои ҷавон ва ё мутахассисони собиқадоре, ки солҳои тӯлонӣ меҳнат доранду эҳтиёҷманди манзили зистанд, медиҳем. Ба ғайр аз ин, ба идораи сохтмони асосии шаҳр барои бунёди биноҳои панҷошёна замин ҷудо кардем, ки дар ҳолати ба анҷом расидани сохтмони он ба кормандони эҳтиёҷманди ба хизмати ватан содиқ дода мешавад.
Хосият Комилова, намояндаи «Садо ва симои Эрон»:
-Оё гунаҳкорони сӯхтори бозорҳои мавзеи «Панҷшанбе» муайян гаштанд? Ва намояндаи сафорати Эрон барои пӯшонидани хисорот чӣ мадад расонид?
Раис: - Оид ба ин масъала дар раёсати Вазорати корҳои дохилӣ дар вилоят кор бурда истодаанд. Мақсади мо то 1 феврали соли равон аз нав бароқарор кардани ин чаҳор маркази савдо аст. Дар назди бахши Бонки миллӣ дар шаҳри Хуҷанд ситод ташкил шудааст, ҳар ҳафта рӯзи ҷумъа бо соҳибкорон вохӯрӣ гузаронида мешавад. Пардохти қарзи соҳибкорон аз бонкҳо дар муддати муайян боз дошта шуд ва барои пешбурди соҳибкорӣ қарзҳои нави бефоиз дода шуд, намояндаи сафорати Эрон 36 ҳазор сомонӣ маблағ ва ду мошини дарздӯзӣ барои ҷабрдидагони сӯхтор ҷудо кард.
Мавзуна Ваҳҳобова, хабарнигори «Тирози ҷаҳон»:
- Пас аз қабули қарор оид ба авф аз шаҳри Хуҷанд чанд нафар аз маҳбас озод шуд ва масъалаи бо кор таъмин шудани онҳо дар кадом сатҳ аст?
Раис: - Ба муносибати 20-солагии қабули Сарқонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби Сарвари мамлакат Эмомалӣ Раҳмон қарори авф қабул гардид, ки дар ин асос зиёда аз 10 ҳазор нафар ба озодӣ баромаданд ва ё ҳукмашон кам гардид. Аз шаҳри Хуҷанд 40 нафар аз маҳбас озод гардида, танҳо 3 нафар барои таъмини кор ба мақомоти иҷроия муроҷиат намуд. Онҳоро аз рӯи ихтисосашон ба кори сохтмон ҷалб кардем. Афсӯс, 4 нафар аллакай такроран даст ба ҷиноят зад. Барои такроран ба маҳбас нарафтани авфшудагон бояд раисони маҳаллаҳо, кормандони ҳифзи ҳуқуқ корҳои профилактикӣ бурда, онҳоро ба роҳи рост ҳидоят намоянд.
Сино Fафурӣ, намояндаи телевизиони «Танин»:
-Баҳри иҷрои қонун дар бораи забони давлатӣ дар хусуси номгузории мағозаҳо кадом корҳо амалӣ мегарданд?
Раис: - Бо супориши қатъӣ муовини Раиси шаҳр Умеда Муродова ва шуъбаи рушди иҷтимоии шаҳр вазифадор гаштанд, ки камбудиҳои ҷойдошта дар хусуси номгузории мағозаҳо ислоҳ гарданд. Корҳо дар ин самт беҳтар гардид, аммо 5-6 фисад боқӣ монданд, ки инҳо марказҳои шавқмандкунӣ ҳастанд. Онҳо супориши комиссияро иҷро накарданд. Мо дар ин хусус ба мақомоти ҳифзи ҳуқуқ муроҷиат кардем ва соҳибни чунин марказҳо вазифадор гаштанд, ки то ҷашни Наврӯз номи муассисаи худро пурра ба забони тоҷикӣ мувофиқ гардонанд.
Мӯниса Атаева, хабарнигори ШТР «Азия»:
-Мувофиқ маълумоти обуҳавосанҷҳо аз 10 январ ҳаво сард мегардад. Оё шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд барои таъмини аҳолӣ бо барқ омода ҳастанд?
Набиҷон Иброҳимзода, сардори шабакаҳои барқи шаҳри Хуҷанд:
-Аз санаи 27 декабри соли 2014-ум дар як шабонароӯз ба миқдори 2,5 миллион кВт/соат нерӯи барқ ба шаҳри Хуҷанд ҷудо шудааст. Аз ин 70 фисадаш ба аҳолӣ ва 30 фисадаш ба иншоотҳои ҳаётан муҳим муқаррар гардидааст. Дар ҳолати сард шудани ҳаво аҳолӣ ба таври веерӣ бо барқ таъмин мегардад.

Дар фарҷоми нишасти матбуотӣ Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода кормандони воситаҳои ахбори оммаро ба ҳамкорӣ даъват карда, баҳри инъикоси воқеъбинонаи масъалаҳо барор хост.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Бобозода Т. К. Бобозода Т. К. Бобозода Толиб Карим 1-уми августи соли 1968 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1994 Донишкадаи поли...
 Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода А. Бобоҷонзода Абдусалом 27-уми декабри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ, соли 1992 Донишг...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...