(0 овоз, миёна 0 аз 5)

alt5 декабр Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ бинои нави Прокуратураи ноҳияи Сино ва Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистонро мавриди истифода қарор доданд.

Ин иншоот, ки тарҳи муосир ва шароити мусоиди корӣ доранд, ба ташаккули самтҳои фаъолият дар мақомоти прокуратураи кишвар заминаи муассир мегузорад.
Бинои нави Прокуратураи ноҳияи Сино дорои 38 ҳуҷраи муҷаҳҳаз бо лавозимоти соҳавӣ буда, истифода аз ин имконот ба таъмини ҳарчи бештари шароити корӣ мусоидат менамояд.
Маҷлисгоҳ бо 130 ҷойи нишаст, китобхона, толори машқу тамрин, ошхона ва дигар иншооти ёрирасон раванди фаъолияти ин ниҳоди назоратиро мукаммал мегардонад.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пас аз шиносоӣ бо ин имконоти фароҳамшуда масъулинро дар самти пешгирии қонуншиканиҳо, аз ҷумла терроризиму экстремизм ва таъмини волоияти қонун бо роҳи ташаккули маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон вазифадор намуданд.
Сипас, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо раванди фаъолият дар Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон шинос шуданд.
Таъсиси донишкада маҳсули тадбирҳои саривақтии Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон буда, дар омода намудани кадрҳои баландихтисос, лаёқатманд ва аз лиҳози ҳуқуқӣ рушдёфта нақши муассир дорад.
Донишкадаи омӯзиши масъалаҳои қонуният, тартиботи ҳуқуқӣ, ҷинояткорӣ ва такмили ихтисоси кормандони мақомоти Прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон 13 толор, 17 ҳуҷраи корӣ, синфхонаҳои компютерӣ, китобхона ва дигар инфрасохтори мукаммал дорад, ки ба ташаккули дониши ҳуқуқӣ ва тақвияти маҳорати касбии кормандон мусоидат менамояд.
Тибқи талабот дар донишкада курсҳои кутоҳмуддати бозомӯзӣ ва такмили ихтисоси кормандон аз рӯйи ихтисосҳои ҳуқуқшиносӣ, фаъолияти судӣ, прокурорӣ ва муфаттишӣ ба роҳ монда шуда, ҳамасола зиёда аз 600 корманди мақомоти прокуратура метавонанд дар доираи барномаҳои таълимӣ дониш ва малакаи касбии худро такмил диҳанд.
Таълим аз ҷониби 17 омӯзгори соҳибтахассус сурат мегирад, ки дар ин ниҳоди назоратӣ собиқаи зиёди корӣ доранд.
Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба масъулин барои омӯзиши амиқи донишҳои соҳавӣ ба кормандон ва истифодаи имкониятҳои мавҷуда дар самти такмили таҷриба ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ дастуру ҳидоятҳо доданд.

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...