15 Октябр 2024
ҶОМЕАРО ЯКҶОЯ ПЕШ МЕБАРЕМ
Ҳамдиёрони гиромӣ, шаҳрвандони азиз!
Ҷомеаи мутамаддини ҷаҳонӣ чунин созмон ёфтааст, ки ягон қишри ҷомеа аз назар ва таваҷҷўҳ орӣ намемонад. Аз ҷумла, нафароне, ки бо ҳукми тақдир маъюбу нобино гаштаанд, ҳеҷ гоҳ аз меҳрубонӣ ва ғамхориҳо барканор нес-танд. Ин аст, ки ҳамасола 15-уми октябр бо қарори Созмони Милали Муттаҳид дар ҷаҳон Рўзи нобиноён – рўзи «Асои сафед» таҷлил карда мешавад.
“Асои сафед” рамзи шахси нобино буда, он аввалин маротиба 15-уми октябри соли 1964 дар ИМА бо ташаббуси Федератсияи байналмилалии нобиноён таҷлил гардид. Соли 1969 Федератсияи байналмилалии нобиноён 15-уми октябрро расман ҳамчун рўзи “Асои сафед” эълон намуд.
Дар кишвари мо низ бо ташаббус ва дастгириҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбати чунин инсонҳое, ки бо амри тақдир маъюб гардидаанд, ҳамасола таваҷҷўҳи хоса зоҳир карда мешавад. Мусаллам аст, ки аъмоён мушкилоти зиндагиро бештар эҳсос мекунанд ва ҳар таваҷҷўҳи Пешвои миллат ва Ҳукумати кишварро ба ҷон қабул медоранд. Онҳо, ҳамзамон, аз рафти ҳаёти сиёсиву иҷтимоии кишвар бохабар буда, моҳияти сиёсати пешгирифта, ғамхориҳои пайваста ва саъю талоши давлатро бештар дарк менамоянд ва ҷонибдории хешро баён месозанд.
Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд дар партави сиёсати давлату ҳукумат, хоса раҳнамоии хирадмандона ва дурандешонаи Пешвои муаззами миллат мўҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастуру супоришҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ҳурмату эҳтиёти шахсони маъюб, хосатан, аъмоёнро ба ҷо оварда, бо ғамхорию дастгирии ҳаматарафа фаро гирифта мешаванд. Ҳамчунин, ба хотири фароҳам овардани шароити арзанда барои зиндагии шоистаи аъмоён ва баҳри солимгардониву таъмин бо ҷои кор, соҳиби маълумот шудан, омодагии касбӣ ва дастгирии моддиву маънавии онҳо чораҳои мушаххас андешида мешаванд.
Дар Рўзи ҷаҳонии «Асои сафед» ба кулли аъмоёни рўшандил ва нафароне, ки пойбанди тақдир нестанду талош барои зиндагии нек доранд, рўзгори ободу осуда, ризқу рўзии фаровон таманно мекунам.
Шумо, ҳамчун аъзои комилҳуқуқи ҷомеаи Тоҷикистон баробар бо ҳама меҳнат карда, рўзгори оилаҳои хешро обод намуда истодаед.
Мо орзу мекунем, ки ҳамеша соҳибирода, сарбаланд ва солим бимонед!
Фирдавс Шарифзода,
Раиси шаҳри Хуҷанд