(0 овоз, миёна 0 аз 5)

altДар толори Комиссариати ҳарбии шаҳри Хуҷанд бо иштироки прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода ҷаласаи корӣ оид ба рафти даъвати тирамоҳии наваскарон ба хизмати ҳарбӣ баргузор гардид.

Нахуст оид ба рафти даъвати тирамоҳии ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ, Раиси комиссияи шаҳрии даъвати ҳарбӣ, муовини Раиси шаҳри Хуҷанд Ҷамшед Набизода гузориш дод.
Иттилоъ дода шуд, ки ҷиҳати иҷрои қарори Раиси шаҳри Хуҷанд «Дар бораи омодагӣ ба даъвати тирамоҳии соли 2024 ба хизмати ҳарбӣ» аз ҷониби масъулин як қатор корҳо ба анҷом расонида шуданд. Минбаъд тадбирҳои муҳим дар ин ҷода роҳандозӣ мегарданд. Ҳамарӯза сафи ихтиёрон ба хизмати ҳарбӣ афзуда, ҷиҳати иҷрои нақшаи пешбинишуда фаъолият ҷоннок карда шудааст.
Таъкид гардид, ки хизмат дар сафи Қувваҳои мусаллаҳи мамлакат барои насли ҷавон на танҳо қарзи шаҳрвандӣ ва шарафи инсонӣ, балки муҳимтарин мактаби обутоб аст. Маҳз дар ҳамин ҷо ҷавонписарон шуҷоату мардонагӣ омӯхта, муқаддастарин арзиши ҳаёт — дӯст доштан ва содиқона муҳофизат кардани хоки поки Ватани азизро ёд мегиранд.
Дар ҷараёни ҷаласа ҳисоботи комиссари ҳарбии шаҳри Хуҷанд полковник Шералӣ Мансурӣ низ шунида шуд.
Прокурори шаҳри Хуҷанд мушовири адлияи дараҷаи якум Бахтиёр Нозимзода вазъро мавриди таҳлил қарор дода, аз фаъолияти сусти комиссириати ҳарбӣ ва бархе ниҳодҳои ба даъвати наваскарон ба хизмати ҳарбӣ масъул, интиқод карда таъкид намуд, ки мо бояд шукронаи ин сарзамин, амну осоиштагӣ намуда, фаъолнокиро бештар намоем. Мо пеш аз ҳама худамон намуна бошем, бо амаламон дар содиқ будан ба Ватану миллатро собит созем.
Баҳри ҷалби ҷавонон ба хизмати ҳарбӣ нақшаву дурнамои муайян дошта бошем, ҳанӯз пеш аз даъвати ҳарбӣ, корҳои муайянро ба анҷом расонем, аз қабили ҷоннок намудани фаъолияти комиссияи даъват, бахусус дар самти бақайдгирии шаҳрвандони синни даъват, ҷалби муҳассилин ба мактаби муттаҳидаи техникии ҷамъияти ташкилоти мададгори мудофиаи шаҳри Хуҷанд, тарғибу ташвиқи пайваста, тарғиби ғояҳои ватандӯстона дар қалби ҷавонони имрӯза ва ғайраҳоро роҳандозӣ намоем.
Аз раисони маҳаллаҳо, нозирони минтақавии милитсия, маориф, тандурустӣ ва дигарон даъват ба амал оварда шуд, ки ҳамоҳангиро бо комиссияи даъвати ҳарбӣ, бахусус комиссирати ҳарбӣ ҷоннок намуда, бо роҳандозии корҳои тарғиботӣ ташфиқотӣ бо мақсади баланд бардоштани ҳисси ҳарбӣ ватандӯстии шаҳрвандон баҳри иҷрои нақшаи даъвати ҳарбӣ пеш аз муҳлат мусоидати фаъол намоянд.
Дар анҷоми ҷаласа таъкид шуд, ки Давлат ва Ҳукумати мамлакат барои ба роҳ мондани фаъолияти муназзами ҷузъу томҳои Қувваҳои Мусаллаҳ тамоми чораҳои имконпазирро амалӣ гардонидааст. Мо – ҳамагон вазифадорем, ки шукронаи истиқлолият, сулҳу оромӣ ва сарҷамъиву ваҳдати миллиамонро эҳтиёт кунем ва доим дар андешаи ободиву ҳифзи Ватанамон бошем.

Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд

Шарҳ додан


Защитный код
Нав кардан

?>

Раиси шаҳр

Муовинони Раиси шаҳр

Ғайбуллозода Х. Ғайбуллозода Х. Муовини аввали Раиси шаҳрХайрулло  Ғайбуллозода бо қарори Раиси шаҳр таҳти №281 аз 2 июни соли 2016 муовини якуми Раиси шаҳри Хуҷанд таъин ...
Боқизода Б. Боқизода Б. Муовини Раиси шаҳрБахтиёр Боқизода 28-уми июли соли 1983 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, соҳиби чор маълумоти олӣ: ҳуқуқшиносӣ, иқтисодӣ ва ...
Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ Муяссара Қаҳорӣ 15 октябри соли 1979 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик. Маълумот олӣ. Соли 2002 Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба...
Ҳомидзода А.А. Ҳомидзода А.А. Роҳбари Дастгоҳи Раиси шаҳрАбдуваҳҳоб Ҳомидзода  8-уми июни соли 1978 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. С...
Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода Ҷамшед Набизода 9-уми майи соли 1981 дар шаҳри шаҳри Хуҷанд таваллуд ёфтааст. Миллаташ тоҷик. Соли 2003 Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва ...

Роҳбарони сохторҳо

Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева К.Я. Ҷӯраева Кибриё Яҳёевна 9 сентябри соли 1966 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1997 Донишг...
Миробидова М.М. Миробидова М.М. Миробидова Муаттар Мирмуҳамадовна 24 июни соли 1966 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1990 Донишгоҳ...
Юсупов М. З. Юсупов М. З. Юсупов Маъмурҷон Зулҳайдарович 1-уми июни соли 1981 таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 1999 ба шуъбаи рӯзноманигор...
Маликисломов Н. Н. Маликисломов Н. Н. Насим Маликисломов 23 октябри соли 1986 дар шаҳри Хуҷанд, дар оилаи хизматчӣ ба дунё омадааст. Соли 1994 ба мактаби таҳсилоти умумии №18-и ш...
Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ У. C. Юсуфӣ Усмон Сиддиқзода 23-юми сентябри соли 1982 дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2005 Дони...
Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Н. М. Ӯлмасова Нигина Маруфовна 08-уми октябри соли 1980 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2010 Донишгоҳи да...
Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Т. Абдуқаҳҳорзода Таҳмина Солҳои 2000 - 2002-Лаборанти кафедраи забон ва адабиёти тоҷики Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Б. Ғафуров,...
Каримов А. А. Каримов А. А. Каримов Азимҷон Акрамҷонович 1-уми январи соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2020 Академияи х...
Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Ш. Д. Абдуллоев Шукрулло Дадоҷонович 24-уми июли соли 1998 дар шаҳри Хуҷанд таввалуд шудааст. Миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ. Соли 2011 Донишкадаи...
Воҳидов А.Б. Воҳидов А.Б. Воҳидов Азамат Баҳодурович 6-уми июни соли 1974 дар н. Б.Ғафуров таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олии тиббӣ. Соли 1997 филиали Хучан...
Пӯлотов М. М. Пӯлотов М. М. Пўлотов Мунир Мухторович 12 августи соли 1973 дар шаҳри Хуҷанд таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумоташ олӣ мебошад. Соли 1996 Донишгоҳи да...
Раҳмонова М. А. Раҳмонова М. А. Раҳмонова Маҳфуза Абдуманоновна 12-феврали соли 1988 дар шаҳри Хуҷанд дар оилаи коргар таваллуд шуда, миллаташ тоҷик, маълумот олӣ мебошад. ...
Диловарзода Д. Д. Диловарзода Д. Д. Диловарзода Достон Диловар 21уми феврали соли 1996 дар шаҳри Бӯстон таваллуд шуда, миллатааш тоҷик, маълумот олӣ мебошад. Соли 2018 Донишкад...