20 Декабр 2014

Раиси шаҳри Хуҷанд Раҷаббой Аҳмадзода ба корҳои ободонӣ ва ниҳолшинонӣ иштирок намуда, кулли сокинони маркази вилоятро даъват намуд, ки дар корҳои ободонӣ ва кабудизоркунии шаҳри Хуҷанд саҳм гузоранд.
Тибқи нақша то фасли баҳор бо кӯмаки сокинон, корхонаю ташкилотҳо ва мақомоти дахлдор то 100 ҳазор бех ниҳолу дарахтони ороишӣ, сояафкан ва мевадиҳанда шинонда мешаванд.
Бо ин мақсад дар марҳилаи аввал зиёда аз ҳазор бех ниҳоли навъи «Ардач» харидорӣ шуда, дар кӯчаю хиёбонҳои шаҳр шинонда хоҳад шуд.
