29 Июл 2024
Дар толори Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Хуҷанд бо иштироки Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода, муовини Раиси вилояти Суғд Даврон Зоҳидзода, комисари ҳарбии вилояти Суғд генерал-майор Умед Солизода, муовини Раиси шаҳр, раисони маҳаллаҳо, комисари ҳарбии шаҳр, намояндагони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, роҳбарони муассисаҳои тандурустӣ ва дигарон ҷаласаи васеи Комиссияи даъватӣ ҷиҳати омодагии сафарбаркунии ҷавонон ба хизмати ҳарбии даъвати тирамоҳии соли 2024 баргузор гардид.