15 Июн 2024
Субҳи имрӯз дар партави дастуру супоришҳои Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва нишондодҳои Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода ба муносибати Иди саиди Қурбон аз ҷониби Раиси шаҳри Хуҷанд Фирдавс Шарифзода якчанд нафар маъюбон, эҳтиёҷмандон, беморон ва куҳансолон аёдат карда шуданд.
Раиси шаҳр ҳангоми дидорбинӣ бо аёдатшудагон аз номи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон эшонро бо Иди саиди Қурбон табрику таҳният гуфта, таъкид дошт, ки бо шукргузорӣ аз амну осоиштагӣ мо ҳамагон бо аъмоли нек, дастгирии якдигар, ҳамдигарфаҳмӣ, аёдати беморон ва эҳтироми якдигар аз ҳоли эҳтиёҷмандон ва ашхсои хизматнамуда дар арафи иду айём ва рўзҳои таърихӣ бохабар мегардем. Ин пеш аз ҳама аз суннатҳои асили милливу динии мардуми созанда ва фарҳангиву таҳаммулгарои тоҷик ба шумор меравад.
Фирдавс Шарифзода гуфт, ки рӯзҳои таҷлили иди Қурбон – ин ойини дастгирии ҳамдигарӣ, сабру таҳаммул ва хайру эҳсон, ятимону маъюбон, дастгирии оилаҳои камбизоат ва ободонии Ватан мебошад. Муҳимтарин рисолати динӣ, виҷдонӣ ва имонии мову шумо – мардуми шарифи кишвар тарбияи фарзандон дар рӯҳияи ватандӯстӣ, эҳтиром ба волидайн ва хизмат ба онҳо, гиромӣ доштани суннату арзишҳои миллӣ, омӯхтани илму дониш ва касбу ҳунар, расидан ба қадри истиқлолу озодии Ватан ва бо риояи моҳияту асли давлати демократӣ ва дунявиамон баргузор намудани расму ойинҳои милливу динӣ мебошад. Мо ҳамагон вазифадорем, ки аз зоҳирпарастиву исрофкорӣ худдорӣ карда, имкониятҳои моддии худро барои осоиши хонадон ва таълиму тарбияи фарзандонамон сарф кунем, то онҳо бесавод намонанд, соҳиби илму дониш ва касбу ҳунар шаванд.
Аёдатшудагон Ҳасанҷон Расулов, Бизиёда Набиева, Мирҳабиб Калонов, Тоҷинисо Самадова, Шоира Ашрапова ва дигарон ба чунин таваҷҷуҳ ба Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ - Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон арзи миннатдорӣ намуда, барои пешрафту шукуфоӣ, амну осоиш, таҳкими ризоияту оромӣ ва ваҳдату ҳамдигарфаҳмӣ дар миёни аҳли ҷомеа дуои нек намуданд.
Ҳамчунин дар ин рӯз аз номи Раиси шаҳр ба якчанд нафар сокинони эҳтиёманди маҳаллаҳои шаҳр кӯмакҳои ғизоӣ аз ҷониби намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр дастрас карда шуд.
Бояд қайд намуд, ки аз ҷониби муовини аввал,муовинони Раиси шаҳр ва роҳбари дастгоҳи Раиси шаҳр якчанд нафар беморон, маъюбон ва эҳтиёҷмандон дар маҷмуъ беш аз 160 нафар аёдат карда шуданд.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд