04 Июнь 2024
Недоступен ни однин перевод.
Дар толори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар шаҳри Хуҷанд бо иштироки фаъолони шаҳр баргузор гардид.
Муовини сардори Раёсати ҳифзи тартиботи ҷамъиятии ВКД полковники милитсия Ҳотам Дадобойзода ҷаласаро ҳусни оғоз бахшида, таъкид дошт, ки тибқи нақшаи кории Ситоди байниидоравии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон чорабиниҳои мухталифи пешгирии ҳуқуқвайронкунӣ, тарғиби худшиносӣ, ташвиқи дастовардҳои Истиқлоли давлатӣ, баланд бардоштани сифати таълими тарбия дар муассисаҳои таълимӣ, равнақи корҳои ободонию созандагӣ ба истиқболи 35 солагии Истиқлоли давлатӣ ҷараён дошта, он ҳамарӯза дар Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар шаҳри Хуҷанд таҳлилу баррасӣ шуда истодааст.
Таъкид шуд, ки Истиқлолу озодӣ барои мо рамзи воқеии ифтихор аз Ватану ватандорӣ, бузургтарин имконияти давлатсозиву давлатдории мустақил, илҳомбахши азму талошҳои созанда ба хотири таъмин намудани рушди давлат, ободии Ватан, зиндагии осоиштаи мардуми Тоҷикистон ва баланд бардоштани сатҳи зиндагии ҳар як оилаи кишвар мебошад.Имрӯз аз таърихи пурифтихори давлати соҳибистиқлоламон дар зарфи сию ду соли сипаришуда хуб мушоҳида мегардад, ки ин марҳала дар муқоиса бо таърихи бостонии халқамон муҳлати чандон тӯлонӣ нест, вале бо миқёси корҳои дар ин муддат амалигардида камназир ба ҳисоб меравад.Тоҷикистони азизи мо баъди эълони истиқлолият роҳи бунёди давлатдории навини миллиро пеш гирифт ва дар шароити бисёр ҳассосу фоҷиабор, яъне ҷанги таҳмилии шаҳрвандӣ соҳиби рамзҳои давлатӣ гардид, ки муаррифгари давлати тозаистиқлоли мо дар арсаи байналмилалӣ ва боиси ифтихори ҳар як шаҳрванди кишвар мебошанд.
Ҳотам Дадобойзода дар идомаи суханронии хеш доир ба иҷро намудани талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросим», пешгирии ҷинояткорӣ, истифодаи дурусти телефонҳои мобилию шабакаҳои иҷтимоӣ ва дигар масъалаҳои муҳим андешаронӣ намуд.
Полковники милитсия Аваз Азиззода, иҷрокунандаи вазифаи сардори ШВКД ҶТ дар шаҳри Хуҷанд зимни баромади хеш таъкид дошт, ки Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни мулоқот бо фаъолону намояндагони ҷомеа ва ходимони дин хотиррасон намуданд, ки «мо имрӯз шукрона мекунем, ки аз баракати истиқлоли давлатӣ дар тамоми соҳаҳои ҳаёти иҷтимоии мамлакат, аз ҷумла дар самти озодии виҷдон шароити созгору мусоид фароҳам гардидааст ва имрӯз шаҳрвандони мо фаризаҳои динияшонро озодона анҷом медиҳанд».
Аз ин рӯ мо, сокинони шаҳри Хуҷанд вазифадорем, ки фарзандонамонро хуб таълиму тарбия намуда, соҳиби касбҳои муносиб гардонем. Ҳамчунин барои ғанӣ гардонидани буҷети оила ва муҳайё намудани шароити хуби зиндагӣ бояд занон-модарон дар тӯю маъракаҳо ба исрофкорӣ роҳ надиҳанд, зиёдаравӣ накунанд ва ба қонунҳои давлат эҳтиром гузоранд. Зидди хурофоту бегонапарастӣ мубориза беамон барем.
Ҷаласаи навбатии Ситоди байниидоравии мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва таъмини амният дар шаҳри Хуҷанд бо вазифагузориҳо ба кори худ ҳусни анҷом бахшид.
Дафтари матбуоти
Раиси шаҳри Хуҷанд